Душанбе.22-уми сентябр. ОИ «Азия- Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Остона мулоқоти ҳафтуми «Гурӯҳи ташаббускори Осиёи Марказӣ оид ба амнияти марзҳо» оғоз гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва шарикони осиёмиёнагии онҳо масоили таҳлили фаъолияти Барномаи идоракунии марз ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва натиҷагирии самтҳои фаъолият ва воситаҳои маблағгузории минбаъдаи онро баррасӣ мекунанд.
Дар мулоқот ҳамчунин баррасии масъалаҳои вазъи кунунӣ ва вазоифи минбаъдаи татбиқи барнома, ҷараёни амалисозии фаъолият дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷалби коршиносон аз давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, дарёфти сарчашмаҳои тозаи маблағгузорӣ ва рушди минбаъдаи барнома ҳамчун таҳкурсии ҳамоҳангсози фаъолияти идораи самараноки марзҳои минтақа дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки барноми мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, онро Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ месозад.
Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
"Ба ин касб дил бастам”. Қиссаи ронандаи зеботарин автобуси Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 феврали соли 2025
Комиссияи марказии интихобот 2 номзади Ҳизби демократро ба қайд нагирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2025
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста