Муовини сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд майори милиса Абдусамад Абдулов дар шарҳи ҳодисаи ба сӯйи сардори шуъбаи БДА тир холӣ кардани Рустам Ҳукумов , писари собиқ роҳбари Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукуматулло иброз дошт, ки Рустам Ҳукумов ба ҳаво тир холӣ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, автомашинаи Р.Ҳукумов ҳангоми ҳаракат бо роҳи Душанбе – Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Айнӣ дар танба (пробка) дармонда, «Рустам аз хашмгинӣ ба ҳаво тир холӣ кардааст». Абдулов қайд кард, ки дар ҷойи ҳодиса сардори БДА-и ноҳия ҳузур надошта, танҳо кормандони қатории шуъба будаанд. «Рустам аз ғазаб ба ҳаво як тир холӣ кард. Ҳеҷ касе осеб надидааст ва тир аз яроқи пневматикӣ парронида шуд», - гуфт ӯ.
Ӯ тасдиқ намуд, ки дар роҳ ҳаракат аз як тарафи роҳ ҷараён дошт ва автомашинаи Р.Ҳукумов ба пеш гузаштааст, ки ба танбашавии воситаҳои нақлиёт боис гардидааст. «Корманди БДА рақамҳои автомашинаи Р.Ҳукумовро гирифтанӣ шуда, ронанда баъди ба ҳаво тир холӣ кардан, аз ҷойи ҳодиса нопадид, вале дар дидбонгоҳи дигари БДА дастгир карда шуд», - зикр кард майор.
Номбурда ҳамчунин гуфт, аз рӯйи ин ҳодиса санади дахлдор тартиб дода шуда, Ҳукумов оид ба ҳозир шудан ба даъват дар сурати зарурат баёнот додааст. «Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои Ҳукумовро санҷидем ва барои истифодаи аслиҳаи пневматикӣ ӯ иҷозатнома дорад», - афзуд Абдулов.
Чанд сол қабл Рустам Ҳукумов ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд дар қаламрави Русия боздошт ва соли 2008 ба 9 соли зиндон маҳкум гардида буд, вале баъди 3,5 сол бегуноҳ эътироф гардида, ба ватан баргашт.
Як сол пеш автомашинаи таҳти идораи Расули Амонуллои 16-сола, писари хурдии Амонулло Ҳукуматулло дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо автошинаи дигар бархӯрда, ба марги се нафар боис гардид. Он замон модари наврас барои риоя накардани муқаррароти қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима шуд. Вазири корҳои дохилӣ зимни конфронси матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки нисбати ин ҳодиса 7 ташхис гузаронида шуда, онҳо гунаҳкор набудани Расули Амонулло дар ин садамаро нишон додаанд.
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста