Додситонии федералии Олмон рӯзи 21 июл дар бораи эълони айбнома нисбат ба як зодаи Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои хабаргузории мустақили “Ахбор”, алайҳи зодаи Тоҷикистон Равшан Б., ки аз моҳи марти соли 2019 дар ҳабс қарор дорад, бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДОИШ), омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Олмон аз номи ДОИШ, ғайриқонунӣ гардондани силоҳи оташфишон ва маблағгузории созмони террористӣ айбнома эълон шудааст.
Гуфта мешавад, додситонии Олмон гуфтааст, то имрӯз даст доштани Равшан Б. дар нақшаи нокоми сӯиқасд ба ҷони як соҳибкор дар Албания дар ивази 40 ҳазор евро, қасди куштори як мунтақиди Ислом бо фармони ДОИШ ва интиқоли 1000 евро ба ҷангиёни ДОИШ дар Сурия тавассути як гумошта дар Туркия собит шудаааст.
Манобеи «Ахбор» изҳор доштаанд, ки Равшан Б. – зодаи шаҳри Душанбе бо номи Равшан Баротов аст, ки занаш аз Литва аст ва онҳо ду фарзанд дошта, чандин сол боз дар Олмон ба сар мебурданд. Он мунтақиди Ислом, ки инҳо куштанӣ буданд, бино ба иттилои дарёфтӣ, як блогери паноҳҷӯ аз Олмон аст, ки видеои китоби «Қуръон»-ро намоишкорона сӯзонданашро дар Интернет нашр карда буд.
Моҳи марти соли 2019 ҳамроҳи Равшан Б. 11 зодаи дигари Тоҷикистон низ дастгир шуда буданд, вале онҳоро баъдан раҳо карданд. Аммо рӯзи 15 апрели соли 2020 дар чорчӯби парвандаи Равшан Б. боз 4 зодаи Тоҷикистон - Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатуллоҳ К. – дастгир шуданд.
Як зодаи дигари Тоҷикистон – Комрон Зуҳуров – дар поёни моҳи апрел дар чорчӯби ҳамин парванда дар Албания дастгир шуд ва додгоҳи Албания алакай ҳукми истирдоди ӯ ба Олмонро содир кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.