Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон субҳи барвақти 1-уми апрел дар як изҳороти фаврӣ гуфтааст, ки баъди баҳсҳои зиёд дар дар атрофи гуруҳи “Авангард” ин гуруҳро барҳам медиҳад. Ин изҳороти ғайриинтизори ВКД-ро торнамои ин ниҳод имрӯз, якуми апрел нашр кардааст.
Гуруҳи “Авангард”, ки фаъолиятҳои он дар Тоҷикистон сару садоҳои зиёдро ба бор овардааст, чанд сол пеш ба унвони як ҳаракати ҷамъиятӣ бо пуштибонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис шудааст.
ВКД гуфтааст, ки ин тасмимро дар пайи шиокяти зиёди сокинон ва фаъолони ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ва ҳамчунин шикоятҳои мустақим ба худи ин ниҳод гирифтааст.
Ҳамчунин як манбаъи наздик ба ВКД ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин тасмими ВКД баъди баъи изҳори назари Вазорати адля дар бораи бидуни сабти ном фаъолият кардани “Авандгард” гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ дар болоҳо гуфтаанд, ки “чӣ гуна як гуруҳе, ки мардум ва сокинонро ба риояи қонун ва даст назадан ба ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо даъват мекунад, худ берун аз расмиёти қонун фаъолият мекунад”.
Гуруҳи “Авангард” дар ибтидои таъсисаш гуфта мешуд барои корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳкунии ҷавонон барои напайвастан ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ташкил шудааст, баъдҳо дар корҳои сиёсиӣ низ ҳамроҳ шуд.
Аз ҷумла намояндаҳои ин гуруҳ борҳо дар назди сафоратхонаҳову созмонҳои муқими Душанбе бо ҳадафи бозгардонии мухолифин ва пуштибонӣ накардани кишварҳои хориҷӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки мақомот дар содир кардани ҷиноятҳо муттаҳам медонад, эътироз кардаанд. Ҳамчунин намояндагони ин гуруҳро бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва озодандешон дар ҳамлаҳои расонаӣ ё троллинг муттаҳам мекунанд.

Намояндаҳои ин гуруҳ дар ҳайати тимҳои расмии тарғиботии ҳукуматӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷӣ кишвар сафар мекарданд ва дар Тоҷикистон борҳо аксҳояшон дар минбарҳои маҷлисгоҳҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ ва масҷидҳо нашр шудааст.
Аз сӯйи дигар раҳбарон ва намояндаҳои ин гуруҳ бо нашри аксҳояшон ҳамроҳ бо афсарони баландпояи ВКД ва ШВКД-ҳо дар маҳалҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сару садоҳои зиёде ба бор оварда буданд. Аз ҷумла дар ин аксҳо дида мешуд, ки дар ноҳияҳо ҳукуматҳои маҳаллӣ инҳоро ба мисли сафарҳои расмӣ бо ташрифот ва нону намаку шеърхонии духтарон пешвоз мегирифтаанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъи мо, ҷанҷоли ду раҳбари ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барои раисӣ низ яке аз сабабҳои қатъи фаъолияти ин гуруҳи пурсару садо дар Тоҷикистон шудааст.
Охири соли гузашта ин гуруҳ эълон карда буд, ки дар ноҳияи Дӯстии вилоятии Хатлон мактаб месозанд, вале баъдан мудири ин мактаб ин изҳороти груҳуи "Авандгард"-ро бепоя хонд ва гуфт мактабаро сокинони деҳа ва падару модари хонандагон месозанд.
Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи ханда ҷашн гирифта мешавад - мо ҳам истисно нестем).
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста