Додситонии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд шавҳари занеро, ки 10-уми апрел дар деҳаи Некнот худ ва се фарзандашро овехта буд боздошт карда, алаҳи ӯ парванда боз кардааст. Дар ин бора "Азия-Плюс" як манба аз ин ниҳод хабар дод.

Лазиз Ҷӯраев, шавҳари Шаҳло Шариповаро додситонӣ ба нақзи моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ муттаҳам медонад, ки ин модда ҷинояти ба худкушӣ расониданро пешбинӣ мекунад.

Манбаи "Азия-Плюс" ҷузъиёти дигаре дар ихтиёри мо нагузошт. 

Баъди расонаӣ шудани ин фоҷиаи мудҳиш, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ ин қазияро худкушӣ номида гуфта буд, ки қазия бар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ рух додааст. Дар иттилоияи ВКД омода буд.

"10 апрели соли 2021, тахминан соатҳои 16 шаҳрванд Шарипова Шаҳло Эркиновна, 20.12.1988 соли таваллуд, истиқоматкунандаи деҳаи Некноти ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент, оиладор соҳиби 3 фарзанд, бинобар ба амал омадани муноқишаи оилавӣ, 3 нафар фарзандони ноболиғашро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ба мавзеи «Боғи Ниёз»-и ҳамин деҳа оварда, бо рӯймол дар дарахт овехта онҳоро ба ҳалокат расонидааст. Сипас худро низ бо рӯймол ба дарахт овехта ба ҳалокат расонидааст".

ВКД мегӯяд ҳодисаи мазкур тафтиш мешавад. Аммо Муҳаммадсодир Сафарзода, муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки ҷасадҳоро экспертиза карданд, сабаби худкушӣ ба мо маълум нест, тафтишот муайян мекунад.

Фарзандони  Шаҳло Шарипова – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳа – будаанд, ки ҳамроҳ бо модарашон дар Душанбе ба хок супурда шуданд. Шаҳло Шарипова аз Душабе ба Панҷакент шавҳар карда буд. 

Гуфта мешавад, ҷойе, ки  ҳодиса рух додааст, аз ҳавлии оилаи Ҷӯраевҳо тақрибан 300 метр дуртар будааст. Фарзияи муноқишаи оилавӣ дар ҳоле расонаӣ шуда буд, ки то кунун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин маврид ҷузъиёти дигаре дар ихтиёри расонаҳо намегузоранд.

Аммо Ҳамзия Замонова, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Панҷакент гуфта буд, дар мавриди худкушии Шаҳло Шарипова гуфта буд, ки бо шавҳараш ҷанг кардааст ё накардааст ҳоло касе намедонад. Ин зан бегоҳии рӯзи 10-уми парел аввал се кӯдакашро баъд худро овехтааст.

"Рӯзи 11-уми апрел деҳа рафтам, дар он хона касе нест. Ҷасадҳоро, ки аз Душанбе буданд, саҳарии якшанбе онҷо бурдаанд. Дар хонаи шавҳарӣ касе нест,  ҳамаро ба шӯъбаи милитсия барои бозпурсӣ бурдаанд. Як ҳамдеҳаи онҳо гуфт, ки эҳтимол зан касали васвос шуда бошад, вале ин ҳоло тасдиқ нашудааст. Одами сиҳат худкушӣ намекунад. Ҳамдеҳагон мегӯяд, ки боре ҳам шоҳиди муноқиша дар ин оила нашудаанд”.

Ҳодисаи даст ба худкушии гуруҳӣ бо фарзандон задани занон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар 6 соли ин ахир ҳодисаҳои мушобеҳ дар Тоҷикистон нигарониҳои шадиде ҷомеаро ба бор оварданд. 

Аз ҷумла ҳодисаи ҳамроҳ бо фарзандони худукушӣ кардани занон дар Панҷакент бори чандум аст рух медиҳад. Қаблан моҳи майи соли 2019, ҷавонзани сокини деҳаи Марғедари поён дар Панҷакент худро ҳамроҳи ду кӯдакаш аз ҳудуди деҳаи Кошона ба дарёи Зарафшон партофта буд. Кӯдакони ин зан яке сесола ва дуюмӣ ҳамагӣ семоҳа будаанд.

Ба гуфтаи сокинон, он замон ин ҷавонзан ҳам  дар пайи як муноқиша бо аҳли хонаводаи шавҳар сӯиқасд ба ҷони худ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.