Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз мансаб барканор шудани прокурори ВМКБ-ро тасдиқ карда, лекин сабабашро шарҳ надод.
“Ин масъалаи кориву кадрии мо буда, ифшои он барои ҷомеа зарур нест. Мо ҳамеша прокуроронро дар шаҳру навоҳӣ таъину аз кор озод мекунем ва ин ҷо ягон чизи наве нест”, - гуфт Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Қаблан Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки прокурори ВМКБ Парвиз Орифзода рӯзи 9 феврал барои таҳқири кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз вазифааш озод карда шудааст.
“Чанд вақти охир Парвиз Орифзода "зиёд менӯшид" ва дар ҳолати мастӣ кормандони милисаро таҳқир кардааст. Таҳқири кормандони милиса сабт шуда, ба дастгоҳи иҷроияи президент фиристода шудааст”, - хабар дода буд манбаи Радиои Озодӣ.
Ба иттилои ин манбаъ, аз рӯи ин далел алайҳи Парвиз Орифзода таҳқиқи ҷиноӣ роҳандозӣ шудааст.
Парвиз Орифзода соли 2018 прокурори ВМКБ таъин шуда, пеш аз таъинот ба ин мансаб ба ҳайси прокурори ноҳияи Ванҷи ин вилоят ифои вазифа мекард.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста