Миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Додситонии кулли Қатар се шартномаи байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Шартномаҳои байналмилалии мазкур дар доираи сафари Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ, додситони кулли давлати Қатар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ба Душанбе, ки санаи 22 – 23 октябри соли 2023 сурат гирифт, имзо шудаанд.
Ҳамчунин, зимни ин сафар, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва ҳамтои қатарии ӯ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар самтҳои муқовимат ба тундгароӣ, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти гайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили трансмиллиро баррасӣ кардаанд.
“Ҳамчунин, ҷонибҳо дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ ва дар асоси Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Давлати Қатар аз соли 2019 ба мувофиқа расиданд, ки иқтидори Маркази волоияти қонун ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи Давлати Қатар ва Коллеҷи ҳуқуқии Донишгоҳи Қатар марбут ба Фонди Қатар, инчунин прокуратураи зиддитеррористии махсусгардонидашудаи Қатар барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнии кормандони Маркази пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтории он истифода бурда мешавад”, - таъкид мегардад дар иттилоияи Додситонии кул.
Бояд гуфт, ки чанде пештар Додситонии кулли Тоҷикистон барои пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо сохтори нав - “Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо” ташкил карда, бо баргузории як машғулият онро ба кормандони худ муаррифӣ намуд.
Пештар аз ин, Додситонии кулли Тоҷикистон зимни силсиласафар ба Аврупо бо додситонҳои кулли чандин давлатҳо мулоқот ва шароити ҳамкориро баррасӣ намуда буд.
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кор дар Қатар. Музди кор чанд аст ва барои сафар ба куҷо муроҷиат бояд кард?
Шӯрои уламои Русия фатвои иҷозаи бисёрзаниро бозхонд кард
Даҳ варзишгари тоҷик ба сафи беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон шомил шуданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад. Ӯ бо Владимир Путин мулоқоти як ба як мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста