Дар Тоҷикистон соли 2023 ҳолатҳои коррупсионӣ бештар дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ошкор шудааст. Дар ин бора имрӯз, 16 феврал, зимни нишасти матбуотӣ раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин сохторҳо 240 ҷиноят, ки аз ҷониби 129 нафар содир гардидааст, ба қайд гирифта шудааст.
Дар идома соҳаи маориф ва илм қарор дорад, ки дар ин бахш аз ҷониби 87 нафар 181 ҷиноят содир шудааст.
Раиси Агентӣ 71 адад коҳиши шумори ҷиноятҳои коррупсиониро дар ин соҳа нисбат ба соли 2022 зикр карда, иттилоъ дод, ки дар соли 2022 120 корманди соҳаи маориф 252 ҷиноят содир карда буданд.
Дар зинаи сеюм соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарор дорад, ки 152 ҷиноят аз ҷониби 72 корманди соҳа сабт шудааст ва ин 10 ҳолат бештар нисбат ба соли 2022 мебошад (147 ҷиноят аз ҷониби 62 нафар).
Бино ба маълумоти Султонзода, соли гузашта аз ҷониби воҳидҳои Агентӣ дар маҷмӯъ 2212 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии марбут ба фасод ошкор шудааст.
“Соли 2023 аз ҷониби Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият 345,4 млн сомонӣ ба фоидаи давлат барқарор карда шуд, ки 251,2 млн сомонии он ба буҷети давлатӣ ва 94,2 млн сомонӣ - ба буҷети ташкилоту муассисаҳо рост меояд”, - гуфт ӯ.