Дар нашрияи «Российская газета» вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба муносибати 25-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ибрози назар кард.

Ӯ изҳор намудааст, ки Русия бо ҳамаи кишварҳои минтақа муносибатҳои шарикии стратегӣ дошта, бо талошҳои муштарак заминаи қобили мулоҳизаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва муколамаи боэътимод ташкил гардида, дар маҷмӯъ ҳамкории зичу бисёрҷабҳа роҳандозӣ шудааст.

«Байни кишварҳои мо робитаҳои амиқи сохтории тиҷоративу иқтисодӣ вуҷуд дошта, ҳаҷми сармоягузории Русия ба кишварҳои минтақа наздики 20 млрд. долларро ташкил медиҳад», - қайд кардааст Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз 7,5 ҳазор корхонаҳои Русия ва муштарак бо ин давлатҳо фаъолият дошта, танҳо давоми солҳои 2013-2016 муҳоҷирони кории ин кишварҳо аз Русия ба ватанашон беш аз 37 млрд. доллар маблағ фиристодаанд.

«Дар Русия 150 ҳазор нафар донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳсил карда, наздики 46 ҳазор нафар аз ҳисоби воситаҳои буҷети федералии Русия идрорпулӣ (стипендия) мегиранд», - қайд кардааст ӯ.

Сергей Лавров зикр кардааст, ки моҳи августи соли равон 28 нафар омӯзгорони Русия барои кор ба мактабҳои Тоҷикистон фиристода шуда, ба ин кишвар 60 ҳазор адад китобҳои дарсии забони русӣ дода шуд.

«Русия ҷонибдори рушду шукуфоии кишварҳои минтақа, ҳамкории бисёрҷониба бо онҳо аст. Бо истифода аз фурсат ба мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ солимиву хушбахтӣ ва комёбиҳо таманно мекунам», - афзудааст вазири корҳои хориҷии Русия.