Узви Сенати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ба ҳайси нозири маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март доир мегардад, ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд.

Абдуқодир Тошқулов тоҷик аст ва ду даъват пайдарпай – аз соли 2009 то 2017 вакили палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон буд.

Соли 2017 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз таъин шуд. Ҳамон сол узви Сенат (палатаи болоии парлумон)-и Ӯзбекистон интихоб гардид.

Ба ҷуз Тошқулов, намояндагони Ӯзбекистон ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ҳайатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.