Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар як муроҷиат ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи расонаии кишвар, хостааст, ки нишастҳои матбуотии шашмоҳа дар Тоҷикистон ҳирфаитар ва бо дар назар гирифтани шароити муосир баргузор шаванд.
Қарор аст дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату ниҳодҳои давлатӣ рӯзи душанбеи 31-уми январ оғоз шаванд ва то 17-уми феврал давом кунанд.
Дар ин муроҷиатнома, ки аз номи Раёсати Шӯрои расонаҳо, имрӯз, 27-уми январи соли 2022 пазируфта шудааст, гуфта мешавад "дар Тоҷикистон анъанаи хуби баргузор шудани нишастҳои матбуотӣ, ки сари ҳар шаш моҳ доир мешаванд, намунаест, ки дар кишварҳои дигари минтақа вуҷуд надорад".
Ин ниҳод нақши ин нишастҳоро барои ба даст овардани иттилоъ бисёр боаҳаммият унвон карда, гуфтааст, ки "баргузории нишастҳои матбуотӣ, усули демократии гузоришдеҳ (ҳисоботдиҳанда) будани давлату ҳукуматро дар баробари ҷомеа таъмин намуда, эҳтиром ба арзишҳои демократиро ҳамчун меъёри конститутсионӣ тазмин мекунад".
Аммо Шӯрои расонаҳо дастрасӣ ба иттилоъро яке аз корҳои сахт барои рӯзноманигорон номида, хостори дар сатҳ ва сифати касбиву муосир баргузор шудани нишастҳо шудааст.
"Дастрасӣ ба иттилоъ, хусусан иттилои расмӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти умдаи давлат ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба шумор меравад. Таъмини шаҳрвандон ба иттилоъ, хоса иттилои дақиқ аз сарчашмаҳои муътамади милливу ватанӣ яке аз масъулиятҳои қонунии давлат буда, барои ҳифзи фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти миллӣ бисёр муҳим аст",-гуфта мешавад дар ин муроҷмтанома.
Шӯрои расонаҳо ҳадафи муроҷиатномаро "истифодаи муассир аз нишастҳои матбуотӣ ва дар шаклу қолаби ҳирфаӣ ва муосир" ва "дар замони бисёр шудани хабару хабаррасониҳои бардурӯғ (фейкӣ) ва коҳиш ёфтани теъдоди матолиби босифат ва ҳирфаӣ ба нафъи ҷомеа доир кардани нишастҳо" донистааст.
Дар ин муроҷиатнома Шӯрои расонаҳо аз Дастгоҳи иҷроия ва вазорату ниҳодҳо хостааст, ки дар нишастҳо шахсони аввал ширкат кунанд, аз хондани ҳисоботҳои дуру дароз худдорӣ шавад, нишастҳоро бо ҳадафи таблиғоти ниҳод ва шахси худистифода накунанд ва ба расона ва рӯзноманигорони ҷудогона имтиёз надиҳанд.
Ҳамчунин хоста шудааст, ки вазорату идораҳоои давлатӣ аз додани туҳфа, пул ва зиёфат ба рӯзноманигорон дар нишастҳои матбуотӣ парҳез кунанд.
Шӯрои ВАО, ҳамчунин аз расонаҳо ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ даъват кардааст, ки дар нишастҳо роҳбарони расонаҳо ва рӯзноманигорони варзида ва ҳирфаии худро равон кунанд ва фазои ин нишастҳоро ҷиддитар кунанд.
Ин Шӯро аз масъулони баргузоркунандаи нишастҳои матбуотӣ хостааст, ки дар як рӯз 10-12 нишасти ниҳодҳоро таъин накунанд.
Шакли комили муроҷиатномаи Шӯрои ВАО:
Муроҷиатномаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар мавриди нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ
Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба вазорату идораҳои давлатие, ки нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд
Ба ҷомеаи расонаӣ, рӯзноманигорон ва расонаҳои Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон анъанаи хуби баргузор шудани нишастҳои матбуотӣ, ки сари ҳар шаш моҳ доир мешаванд, намунаест, ки дар кишварҳои дигари минтақа вуҷуд надорад. Ин иқдом бо амри Президенти Тоҷикистон рӯйи амалӣ гардид, ки дастрасии расонаҳоро ва рӯзноманигоронро дар Тоҷикистон ба иттилои дақиқ аз ашхоси аввали вазорату идораҳо бояд таъмин намояд. Аз сӯйи дигар, баргузории нишастҳои матбуотӣ, усули демократии гузоришдеҳ (ҳисоботдиҳанда) будани давлату ҳукуматро дар баробари ҷомеа таъмин намуда, эҳтиром ба арзишҳои демократиро ҳамчун меъёри конститутсионӣ тазмин мекунад.
Бояд махсус зикр кард, ки дастрасӣ ба иттилоъ, хусусан иттилои расмӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти умдаи давлат ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба шумор меравад. Таъмини шаҳрвандон ба иттилоъ, хоса иттилои дақиқ аз сарчашмаҳои муътамади милливу ватанӣ яке аз масъулиятҳои қонунии давлат буда, барои ҳифзи фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти миллӣ бисёр муҳим аст.
Дар замоне, ки дар минтақа ва ҷаҳон ҷангҳои иттилоотӣ ба гунаи фаъол давом доранд, ҳаводиси солҳои ахир нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ин набардҳои иттилоотӣ хеле зарар мебинад. Зимнан, дастрасӣ ба иттилои дақиқ ва таъмини ҷомеа ба он яке аз ниёзҳои шадид буда, имкони ҳифзи амнияти миллӣ ва иттилоотиро таъмин мекунад.
Аз ин рӯ, истифодаи муассир аз нишастҳои матбуотӣ ва дар шаклу қолаби ҳирфаӣ ва муосир баргузор намудани ин нишастҳо, барои ба даст овардани ҳадафҳое, ки дар муқаддимаи ин муроҷиатнома зикр шудаанд, мусоидат мекунад. Воқеан, дар замони бисёр шудани хабару хабаррасониҳои бардурӯғ (фейкӣ) ва коҳиш ёфтани теъдоди матолиби босифат ва ҳирфаӣ ин иқдом бисёр пураҳаммият мебошад.
Бо дар назардошти ин ва дигар падидаву равандҳое, ки солҳои ахир дар баргузории нишастҳои мутбуотӣ ба назар мерасад, Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон барои муассиртар ва ба нафъи ҷомеа доир кардани нишастҳо, муроҷиатномаи мазкурро қабул кард.
Ба Дастгоҳи иҷроия ва вазорату идораҳо:
- Дар оғози содир шудани амри баргузории нишастҳо, онҳо ҳар се моҳ баргузор мегардиданд. Аммо баъдтар ниҳоди масъули баргузоркунандаи ин нишастҳо (Шӯъбаи таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон) барои сабуктар кардани кори худ, пешниҳод кард, ки нишастҳо на ҳар се моҳ, балки ҳар шаш моҳ баргузор шаванд. Вале зарурати шадиди ҷомеа, ҳам аз лиҳози эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳам аз лиҳози равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ба иттилоъи дақиқ сарфи назар шуд. Ҳоло зарур аст, ки ҳамон таъиноти аввалӣ, яъне ҳар се моҳ баргузор кардани нишастҳо дигарбора барқарор шавад;
- Нишасти матбуотӣ, ҳамчун яке аз қолабҳои иттилоърасонӣ ва маъмул дар дунё қолаби вижаи худро дорад. Яъне ниҳоди баргузоркунанда мавзуъ ё ҳадафи нишастро шарҳ медиҳад ва рӯзноманигорон суол медиҳанду аз нафари масъул посух мегиранд. Аммо ин қолаб солҳои ахир дар нишастҳои матбуотӣ риоя намешавад ва бештари ниҳодҳо вақти барои нишаст ҷудошударо бо хондани ҳисобот пур мекунанд ва фурсат барои суолу ҷавоб хеле кам боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, зарурат аст, ки нишастҳо ҳисобот ва матни суханронияшон барои нишастро пешакӣ ба расонаҳо фиристанд, ё дар сомонаҳои расмиашон ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанд, то вақти барои нишаст ҷудошуда барои саволу ҷавоб кифоят кунад. Воқеан, чунин таҷриба дар бархе ниҳодҳои камшумори давлатӣ ҳоло роиҷ аст;
- Бисёр муҳим аст, ки дар нишастҳо шахсони аввали ниҳодҳо ширкат кунанд ва ин бояд меъёри ҳатмӣ бошад. Агар бо далелҳои бисёр ҷиддӣ шахси аввал ширкат намекунад, ин нукта ба рӯзноманигорон бояд ба таври асоснок дар нишастҳо тавзеҳ дода шавад;
- Шахсони аввал ва ниҳодҳои нишастбаргузоркунанда, бояд каромати инсонӣ, арзишҳои демократӣ ва умумиинсонӣ, фарҳанг ва вижагиҳои миллиро ба назар гирифта, ҳангоми бархӯрд бо рӯзноманигорон ва зимни посух додан ба суолҳо бояд муаддабона рафтор кунанд ва дар посух гуфтан масъулона, садоқатмандона ва қонунмадорона муносибат кунад ва посухҳои дурустро пешниҳод кунанд;
- Ниҳодҳои давлатӣ аз нишастҳои матбуотӣ бо ҳадафҳои таблиғотӣ, чеҳрасозӣ ва дигар ҳадафҳое, ки мухолиф ба меъёрҳои инсониву қонунӣ мебошанд, худдорӣ кунанд, барои рӯзноманигорон ва расонаҳо имтиёзҳо пешбинӣ накунанд. Мутаассифона ҳоло мешунавем, ки дар бархе вазорату идора ва шаҳру ноҳияҳо ба журналистон пул ва ё туҳфаҳои дигар медиҳанд, ки ба холисона пешниҳод шудани иттилоъ таъсири манфӣ мерасонад;
- Дар поёни нишастҳои матбуотӣ аз додани зиёфат ба рӯзноманигорон худдорӣ кунанд;
- Ниҳодҳои давлатӣ, обрӯи байналмилалии Тоҷикистон, эътимод ба давлату ҳукумат дар ҷомеа, ва рушди давлатдориии миллиро ба назар гирифта, ба нишастҳои матбуотӣ омодагии ҷиддӣ ва комил бигиранд ва масъулона муносибат кунанд;
- Гузашта аз ин, ниҳодҳои давлатӣ танҳо баргузор шудани ин нишастҳоро меъёр қарор надиҳанду дар сурат ба миён омадани мавзуъҳои муҳим, ҳасос ва сарнавиштсоз, барои рӯзноманигорон нишастҳои матбуотӣ ва ё брифингҳо баргузор кунанд ва мавзуъҳоеро, ки сабаби ба миён омадани овозаву сару садоҳо шудаанд, ё ҷомеаро ба сардаргумӣ мебаранд, шарҳ диҳанд;
- Мисолҳое ҳам вуҷуд доранд, ки масъулини бархе аз ниҳодҳо пас аз нишастҳои шашмоҳаи матбуотӣ ба саволҳои кормандони ВАО посух намедиҳанд, ё маълумоти заруриро пешниҳод намекунанд. Онҳо ба ин назаранд, ки гӯё масъулияташон фақат дар нишастҳои хабарӣ анҷом меёбад. Бояд ин тасаввури нодуруст ислоҳ гардад;
- Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ тавре таҳия шавад, ки журналистон имкон ёбанд дар онҳо ширкат намоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан дар як рӯз 10-12 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад ва ҳамкасбони мо имкони иштирок дар онҳоро аз даст медиҳанд. Ин ба сифат ва мӯҳтавои нишастҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Ба ҷомеаи расонаӣ ва рӯзноманигорон:
- Рӯзноманигорон ва намояндаҳои расонаҳо дар нишастҳои матбуотӣ, бо эҳтиром ба арзишҳои касби рӯзноманигорӣ ва пойбандӣ ба усулу меъёрҳои ҳирфаӣ, дар нишастҳои матбуотӣ масъулона ширкат ва рафтор кунанд;
- Дар нишастҳои матбуотӣ, ахлоқи инсонӣ, рӯзноманигорӣ ва назокатҳои фарҳанги миллиро риоя кунанд;
- Роҳбарони расонаҳо ва рӯзноманигорони варзида, талош кунанд, ки ҳадди аксар дар нишастҳои матбуотӣ худашон ширкат кунанд ва фазои нишастҳоро ҷиддитару ҳирфаитар намоянд;
- Ба дар назар гирифтани тангии вақт дар нишастҳои матбуотӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳамкасбони дигар, танҳо савол диҳанд ва посух гиранд. Аз пешниҳоди масоили шахсӣ, додани машвартҳо ба роҳбарони ниҳодҳо (бо ҳадафи ҷалби тавваҷҷуҳи вазирону раисон) ва тақдими ҳар гуна тӯҳфаву китобу нашрияву василаҳои дигар худдорӣ кунанд;
- Аз пурсидани суолҳое, ки манфиати шахсии рӯзноманигор ё гуруҳии расонаро дар бар мегирад, сарфи назар кунанд ва суолҳоеро матраҳ кунанд, ки аҳаммияти баланди иҷтимоӣ доранд ва барои ҷомеву давлат заруранд;
- Роҳбарони Воситаҳои ахбори омма ба нишастҳои матбуотӣ танҳо рӯзноманигоронеро фиристанд, ки дониши касбӣ доранд, мавзӯи нишастро медонанд ва барои нишасти матбуотӣ омодагии қаблӣ дидаанд. Аз фиристодани рӯзноманигорони навкор ё таҷрибаомӯз худдорӣ кунанд. Албатта рӯзноманигорони навкор ва таҷрибаомӯз метавонад барои гирифтани таҷриба ширкат кунанд, вале аз матраҳ кардани суол ва мавзӯе, ки сарфаҳм намераванд, худдорӣ варзанд;
Мо мутмаинем, ки ба назар гирифтани пешниҳодоти мазкур барои касбӣ сурат гирифтани нишастҳои матбуотӣ ва ба ҳадафҳои асосии ташкили ин иқдом мусоидат хоҳанд кард.
Раёсати Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста