Дирӯз, 9-уми январи соли 2024, Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, барои анҷоми сафари расмӣ вориди Душанбе гардид. Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳакан Фиданро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Ба иттилои вазорати хориҷаи Туркия, Ҳакан Фидан бо даъвати Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон омадааст.

“Дар ин дидорҳо равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмиллалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд”, - навиштааст ВКХ-и Туркия.

Бояз зикр кард, ки Ҳакан Фидан рӯзҳои 8-9-уми январ дар Қирғизистон буд.

Ба гузориши “Анадолу”, вай дар он ҷо бо ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоев музокира анҷом дода ва ҳамчунин бо Садир Жапаров, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.

“Раҳбари вазорати корҳои хориҷии Туркия гуфт, Анқара аз созишномаи байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ истиқбол мекунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон чунин як тавофуқ ҳосил шавад”, - менависад Анадолу.

Дар мулоқот бо Садир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон сафари расмии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ба Қирғизистон ва иштироки ӯ дар нишасти Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи баланд, ки дар Бишкек баргузор мешавад, баррасӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.