Чанд моҳи охир масъалаи сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия ҳарчи бештар дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба афзоиши нашри маълумоти бардурӯғу таҳрифшуда ва ихтилофбарангез боис гардидааст. Оморе, ки намояндагони мақомоти гуногуни Русия пешниҳод мекунанд, аксар вақт зидду нақиз аст. Дар ҳукумати Русия изҳороти зидди муҳоҷирон бештар садо дода, дар ҷомеа эҳсоси бегонаситезӣ тақвият меёбад.
"Азия-Плюс" маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русияро дар бораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар 20 соли охир таҳлил карда, ба чунин натиҷа расид, ки изҳорот дар бораи афзоиши босуръати сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон муболиға буда, ба омори воқеӣ мувофиқ нест.
Фошкорӣ
Дар ин давра, шумори ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиён содиршуда дар Русия ба андозаи 4% коҳиш ёфтааст. Агар дар соли 2003 шаҳрвандони хориҷӣ 40 ҳазору 570 ҷиноят содир карда бошанд, пас дар соли 2023 ин рақам то 38 ҳазору 936 коҳиш ёфтааст.
Дар 5 соли охир шумори ҷиноятҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳамагӣ 11,5% афзоиш ёфта, вале дар соли гузашта ин шумора 3% коҳиш ёфтааст.
Агар ба таносуби фоиз нигарем, ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ аз 2,5% то 3,9% аз шумораи умумии ҷиноятҳои тафтишшуда дар Русияро ташкил медиҳанд.
Ба ҳисоби миёна, дар 20 соли охир ин нишондиҳанда ҳудуди 3,4%-ро ташкил додааст ва ин ба он маъност, ки аз ҳазор ҷинояти сабтшуда, танҳо 34-тои онро муҳоҷирон содир кардаанд.
Дар зер омори пешниҳодшударо муфассал таҳлил хоҳем кард, аммо пеш аз он ба изҳорои зидду нақизи мансабдорони рус назар меандозем.
Кӣ ва чӣ гуфт?
Феврали соли 2024: ВКД дар бораи 3% коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ хабар дод
8 феврали соли 2024 ВКД-и Русия гузориш дод, ки нисбат ба соли 2022 шумораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ 3% коҳиш ёфтааст. Аммо изҳороти минбаъдаи мақомоти дигари ин кишвар дар ҷомеа нофаҳмӣ ва сардаргумиро ба вуҷуд овард.
Марти соли 2024: Додситони кулл дар бораи 75% болоравӣ хабар дод
Ҳамагӣ пас аз як моҳи изҳороти ВКД, 26 марти соли 2024, додситони кулли Русия Игор Краснов зикр кард, ки шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон дар соли 2023 то 75% афзудааст. Краснов зарурати тақвияти назорат дар соҳаи муҳоҷирати ғайриқонуниро таъкид кард.
Ин рақамҳо ҳарчанд шубҳаовар буд, аммо бо назардошти он ки ҳамагӣ баъди чор рӯзи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” эълон шуд, боиси шиддати лаҳни изҳороти минбадаи мансабдорон гардид.
Апрели соли 2024: Колоколтсев зидди Краснов изҳорот дод
Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар ҷаласаи мушовараи ВКД изҳороти Красновро рад карда, зикр кард, ки сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар соли 2023 боло нарафта, балки баръакс, 3% коҳиш ёфтааст. Ӯ ҳамчунин аз коҳиши ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор ва ғоратгарӣ маълумот дод.
Июни соли 2024: Бастрикин аз болоравии ҷинояткорӣ изҳори иашвиш кард
Дар аввали моҳи июн раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин ба баҳс ҳамроҳ шуда, босуръат болоравии сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷиронро зикр кард. Зимни як ҷаласаи фаврӣ оид ба муқовимат ба ҷинояткорӣ дар соҳаи муҳоҷират ӯ хабар дод, ки “дар зарфи 4 моҳи аввали соли 2024 муҳоҷирон 14 ҳазору 70 ҷиноят содир кардаанд. Ҳамчунин ҷиноятҳои таҷовуз ба номус 40% ва мизони ҷиноятҳои вазнин - 13% афзуд”. Ин рақамҳо бо маълумоти қаблан нашршудаи ВКД мувофиқат намекарданд.
Июли соли 2024: ВКД маълумоти Бастрикинро рад мекунад
Аллакай дар моҳи июл намояндаи ВКД Ирина Волк изҳороти Бастрикинро рад карда, хабар дод, ки дар 6 моҳи аввали соли 2024 ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон ба андозаи 6,4% коҳиш ёфтааст. Савол мантиқӣ дар ҷомеа ба вуҷуд омад: ба кӣ бовар кунем?
Августи соли 2024: ВКД аз идомаи коҳиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон хабар дод
Сухангӯи ВКД дар моҳи август боз дар бораи 3,1% коҳиш ёфтани шумораи ҷиноятҳо аз ҷониби муҳоҷирон дар 7 моҳи аввали соли 2024 маълумот нашр кард. Ҳамчунин камшавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба андозаи 9,2%, куштор - 14%, ҷиноятҳои зидди дахолатнопазирии ҷинсӣ — 2,5% ва ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар - 21,7% ба қайд гирифта шуд.
Сентябр 2024: Бастрикин аз афзоиши ҷиноятҳои вазнин миёни муҳоҷирон мегӯяд
Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин зимни ҷаласаи фаврӣ дар моҳи сентябр хабар дод, ки дар соли 2024 муҳоҷирон 23 ҳазору 847 ҷиноят содир карда, дар ҳамин ҳол, нисбат ба соли пешин сатҳи ҷиноятҳои вазнин 12% боло рафтааст.
Ӯ ҳамчунин ба се баробар болоравии сатҳи ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва 69% афзоиш ёфтани амалҳои ҷинояткорона аз тарафи муҳоҷирони корӣ ишора кард.
Октябри соли 2024: Бастрикин аз зиёдшавии ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирони ноболиғ мегӯяд
Дар моҳи октябр Бастрикин дар машварати навбатӣ дар бораи 10% болоравии мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирони ноболиғ дар муқоиса бо соли 2023 хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, шумораи ҷиноятҳои махсусан вазнин миёни ноболиғон ду маротиба бештар шуда, аз 53 ба 108 адад расидааст.
- 4% дар зарфи 20 сол
Ин изҳороти мухталифи мансабдорони рус ҳамаро ба сардаргумӣ овард: маълум нест, ки кӣ ҳақиқатро мегӯяду ба кӣ бояд бовар кард. Ба хотири равшанӣ андохтан ба масъала, "Азия-Плюс" маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русияро дар бораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар зарфи 20 соли охир (2003–2023) мавриди таҳлил қарор дод.
Хулосаи таҳлил нишон медиҳад, ки шумораи ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар солҳои гуногун тағйир ёфтааст. Афзоиши аз ҳама зиёд дар соли 2004 ба қайд гирифта шуда, дар муқоиса бо соли 2003 - 20,6%-ро ташкил додааст.
Дар солҳои 2003–2009 воқеан болоравии мизони ҷинояткорӣ байни муҳоҷирон ба мушоҳида расида, дар шаш сол ба сурати умум 42,8% афзудааст. Вале соли 2010 ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли пешин 15,5% коҳиш ёфт.
Аз соли 2010 ҷинояткорӣ рӯ ба коҳиш ниҳод: дар зарфи нуҳ сол (2010–2019) сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон 28,7% коҳиш ёфт. Агар дар соли 2010 шаҳрвандони хориҷӣ 48 ҳазору 992 ҷиноят содир карда бошанд, пас то соли 2019 ин рақам то ба 34 ҳазору 917 адад поин рафт.
Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки изҳорот дар бораи афзоиши "бесобиқа" ба маълумоти расмӣ мувофиқат намекунад: тағйирот ҳамеша будааст ва ҳеҷ гоҳ ба таври мунтазам афзоиши чашмрас мушоҳида нашудааст.
Тайи чанд соли ахир (2020–2023) афзоиши начандон зиёди ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ - 13,2% сабт шудааст, ки онро метавон ба таъсири иҷтимоӣ-иқтисодии пандемия ва бад шудани шароити меҳнати муҳоҷирон марбут донист.
Агар дар соли 2020 муҳоҷирон 34 ҳазору 400 ҷиноят содир карда бошанд, пас то соли 2023 ин рақам то ба 38 ҳазору 936 адад боло рафтааст.
Қобили зикр аст, ки дар омори ВКД-и Русия ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҷудогона зикр шуда, ҳиссаи онҳо дар байни тамоми ҷиноятҳои содиркардаи хориҷиён ба ҳисоби миёна 88%-ро ташкил медиҳад.
Изҳороти мансабдорони рус дар аксар ҳолат ба афзоиши ҷинояткорӣ дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 марбутанд. Аммо таҳлили омори моҳона ва семоҳаи ду соли охир тамоюли баръаксро нишон медиҳад: дар соли 2024 шумори ҷиноятҳо нисбат ба соли 2023 коҳиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввал сатҳи коҳиш 7,8%, семоҳаи дуюм - 6,4% ва дар зарфи 8 моҳ - 5,28%-ро ташкил медиҳад.
34 адад аз 1000 ҷиноят
Сарфи назар аз тағйироти сатҳи ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия, ҳиссаи он дар 20 соли охир ба ҳисоби миёна тақрибан 3,4% аз шумораи умумии ҷиноятҳои таҳқиқшударо ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки ба ҳар ҳазор ҷиноят тақрибан 34-тоаш аз ҷониби муҳоҷирон содир шудааст.
Ҳиссаи аз ҳама бештари ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда дар солҳои 2022 ва 2023 - 3,9% ба қайд гирифта шудааст. Нишондиҳандаи камтарин дар соли 2003 ба мушоҳида расида, 2,7%-ро ташкил додааст.
Масалан, дар соли 2020 муҳоҷирон 34 ҳазору 400 ҷиноят содир карда, шумори умумии ҷиноятҳои тафтишшуда дар Русия тақрибан 1 млн 42 ҳазор ададро ташкил дод. Дар соли 2023 бошад, муҳоҷирон 38 ҳазору 936 ҷиноят содир карданд, ки 3,9% аз шумораи умумии ҷиноятҳои таҳқиқшударо ташкил медиҳад. Дар ин давра ба сурати умум ҳудуди 998 ҳазор ҷиноят содир шуда буд.
Асоснок кардани тадбирҳои шадид
Коршиносон бар ин назаранд, ки кормандони сохторҳои қудратии Русия бо изҳорот дар бораи афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон кӯшиш мекунанд зарурати шадидтар кардани сиёсати муҳоҷират ва тақвияти назоратро асоснок кунанд.
Ҳомии ҳуқуқ аз Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад, бидуни ифшои ному насаб дар ин робита изҳор намуд, ки дар асл миёни муҳоҷирон афзоиши ҷиддии сатҳи ҷинояткорӣ ба назар намерасад. Ба гуфтаи ӯ, чунин изҳорот барои ташаккули симои манфии муҳоҷирон равона шуда, метавонад барои қабули чораҳои шадидтар асосе бошад.
“Нашри беҳад зиёди матолиби ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон метавонад ба афзоиши одату хислат ва бадгумонӣ нисбати онҳо оварда расонад, ки дар навбати худ ба вазъи беҳуқуқии онҳо шиддат бахшида, барои сӯйистифода аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ замина фароҳам меорад. Дар шароити набудани ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ дар Русия, мардум одатан ҳар чизеро, ки аз ҷониби ҳукумат садо медиҳад, ҳақиқат меҳисобанд”, - шарҳ медиҳад ӯ.
Ҳомии ҳуқуқ ва ҳуқуқшинос Валентина Чупик низ илова мекунад, ки чунин гуфтору лаҳн метавонад барои ҷиноятҳои мақомоти пулис бар зидди муҳоҷирон, аз ҷумла боздоштҳои ғайриқонунӣ, тамаъҷӯӣ ва хунукназарӣ ба вазифа асос шавад.
“Босуръат рӯйи кор омадани падидаи муҳоҷиронбадбинӣ ба беҳуқуқии бештари муҳоҷирон ва беҷазо мондани мақомоти пулис, инчунин болоравии шумораи ҷиноятҳо дар заминаи хусумати миллӣ боис мегардад. Дар Русия ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд надорад, аз ин рӯ, афкори умумӣ низ нест. Мардум одатан ҳар чиро, ки аз ҳукумат мешунаванд, такрор мекунанд”, - мегӯяд ӯ.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста