Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ширкат, ки ҳоло дар се баст фаъолият дорад, дар як сол имконияти коркарди саноатии 6,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5 ҳазору 400 тонна ресмони пахтагини андозааш 16, 20, 24 ва 30 мавҷуд мебошад.
Сипас сарвари давлат дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор дод.
Дар ошёнаи якуми маҷмаа қабулгоҳ, маъмурият, ҳуҷраи кормандон, 3 ҳаммоми замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ, мағоза, дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ, ҳаммоми усули туркӣ, дар ошёнаи сеюм қаҳвахона, утоқи мураббиёни варзиш, маҷлисгоҳ, дар ошёнаи чорум 11 ҳуҷраи мехмонхона ҷойгир аст.
Сохтмони бинои меҳмонхона соли 2020 шуруъ гардида, дар бунёди он соҳибкори ватанӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода саҳм гузошта аст. Барои бунёди меҳмонхона ва биноҳои ёрирасони он беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Дар ноҳияи Мастчоҳ имрӯз ҳамчунин сардхонаи муосир бо ғунҷоиши 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Он аз тарафи “Муассисаи давлатии рушди Мастчоҳ” ва соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои се анбори захираи маҳсулот мебошад.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ васлу насб карда шудааст, ки барои дар ҳамаи фаслҳои сол беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ имконият медиҳад.
Др ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳияи Мастчоҳ боздид ба амал овард. Кишоварзони ноҳия намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, меваҳои хушсифат ва дигар намуди маҳсулотро ба маъраз гузоштанд.
Дар идома роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор мавриди истифода қарор дода шуд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад.
Таҷдиди ин роҳ яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи роҳсозӣ маҳсуб меёбад, ки тибқи супориши ҳукумат дар асоси шартномаи сетарафа байни ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, ҶДММ “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо харҷи беш аз 75 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.
Сипас президент бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19”, нашъунамои полезиҳо, лӯбиёгиҳо шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд ва бо масъулину мутахассисони соҳа ва кишоварзон суҳбат намуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Тутзор-19” дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ таъсис ёфтааст. Саҳмдорони хоҷагӣ замини киштро пурраю оқилона истифода бурда, пахта, полезӣ, сабзавот ва лӯбиёгиро кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.
Дар ҳамин мавзеъ Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Мастчоҳ боздид намуда, намояндагони кишоварзону ҳунармандони ҳамаи 8 шаҳраку деҳоти ноҳия намунаҳои маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳунармандиро пешниҳоду муаррифӣ карданд.
Баъдан бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварии ҶДММ “Некбахт” мавриди истифода қарор гирифт.
Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 600 тона гушти парҳезӣ буда, минбаъд саршумори паранда дар як марҳилаи парваришӣ ба 100 ҳазор сар расонида, истеҳсоли шуда, истеҳсоли гушти паранда солона ба 1000-1200 тонна баробар мегардад.
Дар корхонаи парандапарварӣ раванди обу ғизодиҳӣ, ҳолати зооветеринарӣ, санитарию беҳдоштӣ ва назорати ҳарорати дохили бино ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб гардидааст.
Ҳадаф аз бунёди чунин корхонаҳо пеш аз ҳама таъмини бозори дохилӣ бо гушти парҳезӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ карда шуд.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон хатти обро мавриди истифода қарор доданд. Маълумот дода шуд, ки дар асоси ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат бо мақсади самаранок истифода намудани замин хатти об дар масофаи 4 километр сохта шуда, 15 гектар заминҳои ҷамъият шодоб карда мешавад.
Дар ҶДММ “Некбахт” сарвари давлат ҳамчунин, ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли пину, яъне қурут ва банду басти чормағзи заминӣ оғоз бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуд.
Коргоҳи мазкур нахустин дар минтақа буда, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст ва дар он дар як шабонарӯз 400-500 киллограм маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Айни замон 10 навъу намуди қурут бо бастабандии замонавӣ роҳандозӣ гардида, бандубасти чормағзи заминиро дар оянда ба нақша гирифта шудааст.
Дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ Эмомалӣ Раҳмон бо парвариши чорвои калони хушзот ва гӯштии ҶДММ маҳдуди “Некбахт” шинос шуд.
Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гушт ва маҳсулоти гуштӣ, шир ва гирифтани чорвои хушзот дар шароити маҳал фермаи мазкур таъсис ёфта, чорвои калони зоти “сементалӣ” аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус ворид карда шудааст. То имрӯз аллакай 100 сар чорво ворид гардидааст, ки аз он 25 сарашро модагов ташкил медиҳад.
Сипас дар деҳоти Палдораки ноҳия бо иштироки президент коргоҳи дӯзандагии “Ёсуман” мавриди истифода қарор дода шуд.
Самти фаъолияти корхонаи дӯзандагии “Ёсуман” духти либоси миллӣ ва мактабӣ буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов бунёд шудааст.
Ғайр аз ин, имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Корхонаи нахустини коркарди ниҳоӣ ва банду басти чормағзи заминӣ бо саҳми муассисони ҶДММ “Ҷаъфар” таъсис дода шудааст.
Ба коргоҳ 6 таҷҳизоти коркарду банду басти чормағзи заминӣ аз Чин ворид ва васлу насб шудааст. Тавассути ин хатти технологӣ ҷараёни тозакунии мағзи чормағзи заминӣ, сараю ба хелҳо ҷудо кардани он ва якчанд навъу ғунҷоиши чормағзи заминӣ дар банду баст анҷом дода мешавад.
Иқтидори шабонарӯзии коркарди чормағзи заминӣ беш аз 40 тонна ва дар як сол зиёда аз 10 ҳазор тонна мебошад.
Дар идома президент бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” оғоз бахшид.
Бинои Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.
Дар бинои нав барои табобат ва истироҳати то 40 нафар дар як вақт шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Баҳри ташхиси дақиқ ва табобати саривақтии шаҳрвандон 5 намуди таҷҳизоти навӣ тиббӣ, амсоли рентгени рақамӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳи автоматии умумии ташхиси хун ва дигар таҷҳизоту воситаҳои муосири тиббӣ харидорӣ гардида, имконияти ташхисию табобатӣ ва истироҳат ба замони муосир мутобиқ карда шудааст.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон