Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки аввали моҳи августи соли равон дар назар аст, ба Ашқобод меравад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Корҳои омодагӣ ба нишасти мазкур чанде пеш дар рафти конфронси видеоӣ бо иштироки вазирони хориҷии се кишвар: Сироҷиддин Муҳиддин (Тоҷикистон), Рашид Мередов (Туркманистон) ва Бахтиёр Саидов (Ӯзбекистон) баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро баррасӣ карданд.

“Дар ин замина вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд”, - зикр мешавад дар хабари Вазорат.
Дар нишасти мазкур баррасӣ ва табодули назар оид ба масоили муҳими ҳамкориҳо ва рушди минтақа, имкони таҳкими муносибатҳои сулҳомез ва субот дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста