Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор дар Доғистон ба президенти Русия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
“Хабари ба ҳалокат расидани одамони зиёд бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистон боиси андӯҳи амиқи мо гашт”, - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Дар барқия аз Владимир Путин расонидани таъзияву таслияти самимии ин ҷониб ба пайвандону наздикони фавтидагон ва орзуи шифои оҷил ба ҳамаи осебидидагон дархост мешавад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахир, бар асари таркиш ва сӯхтори шоми рӯзи 14 август дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Махачқалъа 35 нафар ҳалок шуданд, ки байнашон 3 кӯдак ҳам ҳастанд. Теъдоди осебдидагон бар асари ин ҳодиса то 100 нафар арзёбӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, майдони сӯхтор 600 метри мураббаъро ташкил дода, сӯхтор баъди 4 соат хомӯш карда шудааст.
Гуфта мешавад, мавҷи таркиш дар 50 метри гирду атроф алангаи оташро паҳн карда, он одамони ба ҷойи ҳодиса омадаро пахш кардааст. Рӯзи 15 август дар Доғистон рӯзи мотам эълон шуд.
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста