Cарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кориаш ба вилояти Хатлон рӯзи 3 октябр дар маросими ифтитоҳи як қатор иншшот ширкат варзид.
Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Хуросон бо иштироки сарвазир бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, инчунин ду бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд.
Гуфта мешавад, дар идома Қоҳир Расулзода бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Абдусолеҳ» ва «Ҳоҷидавлат»-и ноҳияи Кӯшониён шинос шуд.

Дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Бохтар бо ҳузури сарвазир меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ ва маркази саломатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас сарвазири мамлакат бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов шинос шуд. Хоҷагӣ хоҷагиҳои калон дар ҳудуди ноҳия ва вилоят ба ҳисоб рафта, 1506 гектар заминро фаро мегирад. Дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад.

Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста