Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бишкек музокироти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Ба иттиилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро муфассал баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон соли равон густариши фаъоли робитаҳои байнидавлатӣ ва ҷараёни мусбати ҳамкории ду давлатро дар тамоми соҳаҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуд.
“Сарони давлатҳо аз ҷараёни мусбати табодули молии мутақобила, имзои қарордодҳои дахлдор байни доираҳои тиҷоратӣ, созишномаҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи Русия дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ истиқбол намуданд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамёрӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин зарурати беҳтар намудани ҳамёрии сохторҳои дахлдор дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ шуданд.
“Сарони давлатҳо сатҳи баланди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитариро бо таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи маориф таъкид намуда, аз оғози лоиҳаи бунёди Маркази таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Тоҷикистон истиқбол намуданд”, - зикр мегардад дар хабар.
Президентҳо изҳор доштанд, ки имкони густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва сайёҳии кӯҳӣ вуҷуд дорад.
Ҳамчунин доир ба масъалаҳои амният, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Президенти Русия қонуни назорати муҳоҷирон тариқи телефонро имзо кард
Британия қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар мекунад. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Мафҳили адабии “Ҳумоюн” дар Душанбе бо иштироки шоирон Фарзона ва Озарахш
Ҷонибек Муродов: Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ!
Ҳарвард маъмурияти Доналд Трампро ба додгоҳ кашид. Ин донишгоҳро аз ҳақи қабули донишҷӯёни хориҷӣ маҳрум карданд
Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҳам “бо пешрафтҳои начандон қатъӣ” анҷом ёфтааст
Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста