Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ҳамадонӣ зимни задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон яке аз пешвоёни онҳо ба қатл расонида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матуботи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Хушнуд Раҳматуллоев иттилоъ дод, шоми 16 ба 17-уми июни соли ҷорӣ дар яке аз мавзеъҳои посгоҳи марзии «Қизил-Сӯ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ марзбонон гурӯҳи иборат аз 15 нафари шахсони номаълумро ошкор месозанд. «Миёни марзбонон ва гурӯҳи шахсони номаълум задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа яке аз роҳбарони гурӯҳи қочоқбарон Ҷумъахон валади Ҷонмаҳмад ба ҳалокат расид», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мавсуф, яке аз афсарони нерӯҳои марзбонӣ низ ҷароҳат бардошта, ба беморхона мунтақил шудааст ва ба саломатии ӯ ҳеҷ хатаре таҳдид надорад. «Субҳи имрӯз дар ҷойи ҳодиса як халтаи дорои 21 кило героин ва аслиҳаи шикории қутри 16 мм дарёфт шуд», - афзуд номбурда.
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Қарзи “Агроинвестбонк” ва тақсими замин. Баҳсҳои соли 2024 дар Додгоҳи олии иқтисодӣ
Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?
Афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста