Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Фурудгохи байнулмилалии Душанбе тамринҳои муштараки кулли хадамоти фурудгоҳ ва хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба корҳои наҷотдиҳӣ доир гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, мутобиқи фарзия, дар тамрин хадамот наҷотдиҳии 50 нафар мусофирон аз ҳавопаймои оташгирифта зимни нишаст ба фурудгоҳро амалӣ сохтанд. «Амалиёти наҷотдиҳӣ дар якчанд марҳила сурат гирифта, мутахассисони хадамоти гуногун малакаҳои оташнишонӣ, наҷотдиҳии мусофирон ва расонидани кӯмаки аввалия ба ҷабридидагонро сайқал доданд», - гуфт ӯ.
Ба қавли М.Шодиев, тамриноти ба ин монанд хеле муҳиму рӯзмарра буда, ҳамасола ду-се маротиба гузаронида мешаванд ва зимни он дақиқиву муназзамӣ ва ботартиб будани корҳои дастаи наҷотдиҳандагон зимни садамаҳо санҷида мешаванд.
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Қарзи “Агроинвестбонк” ва тақсими замин. Баҳсҳои соли 2024 дар Додгоҳи олии иқтисодӣ
Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?
Афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста