Зимни суханронӣ дар Конфронси 10-уми вазирон оид ба масоили идораи марзҳо ва амният дар Осиёи Марказӣ (CABSI, 16-17-уми апрел) дар шаҳри Вена вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор кард, ки сарфи назар аз комёбиҳои амалиёти нерӯҳои низомии эътилоф дар Афғонистон, наздикии қаламрави Афғонистон омили нигаронӣ боқӣ монда, ба вазъи сиёсӣ дар минтақа таъсиргузор аст.
Ба гуфтаи Раҳимов, айни замон созмонҳои байнулмилалии террористӣ ва гуруҳҳои ифротгаро мекӯшанд таъсири худро дар минтақа афзоиш диҳанд.
«Мо имкон дорем ва бояд ба таҳкими имконоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон тавассути ташкили ба омӯзиш фаро гирифтани кормандони пулис ва кинологҳо мусоидат намоем ва дар ҳамдастӣ бо Дафтари САҲА соли 2010 чунин омӯзишро барпо карда, идомаи онро низ мувофиқи мақсад медонем», - гуфтааст ӯ.
Ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки аз таҷрибаи САҲА бобати дар Тоҷикистон таъсис додани Омӯзишгоҳи олии марзбонӣ, ки дар он сарҳадбонони афғон ва дигар кишварҳои минтақа такмили касб мекунанд, низ истифода шавад.
Генерал Раҳимов бори дигар хотиррасон намудааст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир қарор дошта, нахуст дар роҳи таҳдиду чолишҳои нав монеъ мешавад ва аз ин рӯ, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам чун мақомоти Афғонистон ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар Рамазон Раҳимов аз Котиботи САҲА боздид намуда, бо як зумра мансабдорони воломақоми ин созмон гуфтушунид анҷом додааст.
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста