Суди ноҳияи Попи вилояти Намангони Ӯзбекистон сокини деҳаи Сарваки ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт Ҳамзалӣ Хидирови 31-соларо ба 6 соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин бора хеши маҳкумшуда, директори мактаби таҳсилоти умумии 357-и ҳамин деҳа Иқболҷон Нуриддинов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Ҳамзалӣ Хидиров дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ муттаҳам дониста шуда, дар ҷаласаҳои судӣ танҳо падараш иштирок доштааст ва судшаванда ҳамчунин аз хизматгузории адвокат барои дифоъу озод шудан низ маҳрум будааст.

Ёдрас мекунем, ки 23-юми декабри соли 2011 гурӯҳи 14-нафараи низомиёни Ӯзбекистон бо шумули кормандони Хадамоти амнияти миллии ин кишвар ба манзили Хидиров омада, пас аз ҷустуҷӯ аз он ҷо туфанги шикорӣ пайдо мекунанд, ки ба як шаҳрванди Ӯзбекистон тааллуқ доштааст. Сипас Хидиров боздошт шуда, ба самти номаълум бурда мешавад ва муддати зиёде дар бораи тақдири минбаъдаи ӯ ҳеҷ маълумоте мавҷуд набуд.

- Ҳамзалӣ чӯпонӣ мекард ва дар як вақт ба шикор ҳам машғул буд, - мегӯяд Иқболҷон. – Замоне ӯ бо шикорчие аз Ӯзбекистон шинос шуда, шояд минбаъд аз ӯ тиру борут ба даст оварда бошад.

«Як дафъа ҳарду шикорчӣ баҳри шикори кабк роҳи кӯҳсорро пеш гирифтанд. Зимни бозгашт шикорчии ӯзбек меҳмони манзили Ҳамзалӣ гардида, туфанги шикории худро дар он ҷо мемонад», - мегӯянд хешовандони маҳкумшуда.

Далели боздошти шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби хадамоти махсуси кишвари ҳамсояро мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Содиқ Бобоҷонов тасдиқ карда буд.

- Мо аз ин қазия воқиф буда, Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ ва ҳамчунин ШКД-и ноҳияи Ашт ҳодисаи мазкурро пайгирӣ доранд, - гуфта буд Бобоҷонов.

Чун ҳукм нисбат ба Хидиров ниҳоят содир гардид, метавон ба хулоса расид, ки кӯшишҳои ҳукуматдорони тоҷик баҳри озодии ӯ ба ҳеҷ натиҷае нарасидаанд.

Қобили зикр аст, ки деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт аз чаҳор сӯ дар иҳотаи ноҳияи Попи вилояти Намангони Ӯзбекистон қарор дорад.