Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» - Вазирони мудофиаи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистон аз марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012», ки дар машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд рӯзи 14-уми июн баргузор мешавад, назорат хоҳанд кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шоми дирӯз вазири мудофиаи Чин ба шаҳри Хуҷанд омада, аз ташрифи вазирони мудофиаи Қазоқистону Қирғизистон ва Русия имрӯз интизорӣ меравад.
«Намояндагони Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон низ хоҳиши иштирок дар марҳилаи ниҳоии тамринҳоро доранд», - гуфт манбаъ. Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода нашуд, ки ҳайати Ӯзбекистон дар кадом сатҳ намояндагӣ хоҳад кард.
Тавре интизорӣ меравад,дар марҳиллаи ниҳоии ин тамринҳои низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур хоҳад дошт. Айни замон сарвари давлат бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки тамринҳои низомии мазкур санаи 7-уми июн оғоз гардида, дар он беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд.
Ба тамринҳои низомии ҷузъу томҳои кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012» фармондеҳи нерӯҳои низомии хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Эмомалӣ Собиров фармондеҳӣ мекунад. Дар тамринҳо амалиёти муштараки нерӯҳои ҳавоӣ, артиллерия ва бронетехника санҷида мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Давлатҳои Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар СҲШ мақоми нозирро доро мебошанд. Мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ ба Белорус ва Шри-Ланка дода шудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста