Волидайни афсарону сарбозони Артиши Тоҷикистон аз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дархост карданд, ки ба барқарор кардани робита бо фарзандонашон дар шаҳри Хоруғ мусоидат намояд.
Як гурӯҳ падару модароне, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» бо дархост ба унвони президент муроҷиат намуданд, муддати як ҳафта аст, ки бо фарзандони худ дар тамос буда наметавонанд.
«Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки фарзандонамон дар назди халқу ватан қарзи худро ба иҷро мерасонанд, вале давлат ҳам ҳадди аққал ягон қарзеро назди онҳо бояд ба уҳда дошта бошад. Мо бовар надорем, ки вазъи саломатӣ ва шароити будубоши фарзандони мо сирри давлатӣ буда, ба ҷараёни баргузории амалиёт халал ворид месозанд», - мегӯянд падару модарон.
Онҳо ҳамчунин фаъолияти васоити ахбори умуми давлатии Тоҷикистон, хадамоти матбуоти сохторҳои қудратӣ оид ба инъикоси рӯйдодҳо дар Хоруғро ғайриқаноатбахш арзёбӣ мекунанд.
«Муддати ҳашт рӯз аст, ки онҳо аз ҷойи ҳодиса ягон маълумоти саҳеҳе намедиҳанд ва ин ба овозаҳои гуногун дар ҷомеа боис гардида, ба вазъи саломатии волидайн ва наздикони сарбозону афсарон таъсири манфӣ мегузорад. Магар ҳар субҳ аз шабакаи телевизионҳои давлатӣ иттилоъ пахш намудан дар бораи вазъи ороми Хоруғ дар шаби гузашта сирри давлатӣ бошад?», - таъкид месозанд онҳо.
Ғайр аз ин, падару модаронро муносибати роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар нисбат ба оилаҳои сарбозону афсарон қонеъ намесозад.
«Мо мефаҳмем, ки генералҳои сершумори сохторҳои қудратӣ ба ҳалли вазифаҳои «фаврӣ» машғуланд, вале онҳо ба дарки он намерасида бошанд, ки ба зертобеъи худ супориш бидиҳанд, аққалан муддати ду рӯз як бор гӯшаки телефонро бардошта, дар бораи фарзандони мо маълумот бидиҳад», - изҳор доштанд волидайни афсарону сарбозоне, ки дар амалиёти низомии Хоруғ иштирок доранд.
Онҳо муътақиданд, ки чунин муносибат ба оилаҳои муҳофизони ватан минбаъд ба обрӯву эътибори хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста