Ба машқҳои воҳидҳои низомии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон 25 чархбол ва ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар мешаванд.
Чархболҳои нақлиётӣ ва ҷангии Ми-8 ва зарбазани Ми-24-и мансуб ба Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз вилояти Новосибирск ва фурудгоҳи Ҳисори Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Онҳо ба тамрини сеҷониба, ки аз 1 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон доир мегардад, сафарбар карда мешаванд.
Чор чархболи ҷангӣ аз Русия тариқи ҳавопаймои боркаши нақлиётии бузургҳаҷми Ан-124-100 “Руслан” оварда шуд. Пеш аз интиқол баъзе сохтори чархболҳо қисман гирифта шуда, бо расидан ба фурудгоҳи таъинот кормандони ҳайати муҳандисӣ ва техникӣ онҳоро васлу насб карданд ва сарнишинони ҳавопаймо парвози техникаро санҷиданд. Дар ин бора Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.
Дар марҳилаи асосии машқҳои муштарак ҳайати сарнишинони авиатсияи ҷангӣ фуруд овардани қувваҳои ҳуҷуми тактикӣ ва дастгирии ҳавоиро ба нирӯҳои ҳамлагар дар ҷараёни нобудсозии гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ таъмин хоҳанд кард.
Дар машқҳои воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон, ки 1 август дар ҷануби Тоҷикистон оғоз шуд, 25 чархболу ҳавопаймои нақлиётию ҷангӣ, тақрибан 300 танк, мошинҳои зиреҳпӯш, дастгоҳҳои артиллерӣ сафарбар мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, полковник Фаридун Маҳмадализода.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин машқҳо, ки дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷараён мегиранд, зиёда аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони се кишвар ширкат хоҳанд варзид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Баргардонидани номи неки ҳизб”. Раиси ҲДТ ҳадафи аслии ширкати ҳизбаш дар интихоботи парлумониро гуфт
«Азия-Плюс» ба муассисаи ислоҳии кӯдакон зиёда аз 300 китоб ҳадя кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 феврали соли 2025
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека
Хушкмеваи Тоҷикистонро ба намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025 бурданд
Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд
Дар шаҳри Бохтар Боғи фарҳангӣ ва фароғатии нав сохта мешавад
Кушта шудани 1400 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқу Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста