Сезин Синаноғлу ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ниҳод мехоҳад дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти Тоҷикистон барномаи вижаи омодагиҳо барои қабули паноҳандаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистонро таҳия кунад.
Ин нуктаро хонум Сезин дар мулоқоте, ки имрӯз бо Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ Тоҷикистон доштааст, иброз кардааст. Дар ин бораи дафтари матбуоти раиси ВМКБ хабар медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ, ин масъули СММ дар Тоҷикистон зимни арзёбии взъи шадиди Афғонистон бо раиси ВМКБ ба ин нукта ишора кардааст.
Ёдгор Файзов дар ин мулоқот, аз таҷрибаи қабули гурезаҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ ва мушкилоту маҳдудиятҳои вилоят, корҳои омодагӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои якчоя гуфтааст.
"Намояндаи СММ иброз дошт, ки масъулияти асосии қабули гурезаҳо ва фароҳам овардани шароит барои онҳо ҳадафи давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, СММ низ ҳамчун кумакрасон дар канор нахоҳад монд. Аз ҳамин лиҳоз тақозо шуд, ки мақомоти дахлдор бояд нақшаи-чорабинии пешакӣ оиди қабули гурезаҳои эҳтимолиро тартиб дода, ва баҳри расонидани кӯмакҳои саривакти ба шарикони рушд пешниҳод намояд",-овардааст манбаъ.
Сезин гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ба касе маълум нест, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба чи теъдод паноҳандаҳо хоҳанд омад, вале ба эҳтимоли қавӣ паноҳандагон ба Тоҷикистон паноҳ меоваранд ва бояд омода буд.
Дар ин дидор, масъалаи таъмини амнияти кормандони СММ дар ВМКБ низ матраҳ шудааст, ки Файзов гуфтааст, ки мақомоти амниятии вилоят тавони таъмини амнияти шаҳрвандон ва меҳмонони вилоятро доранд.
Намояндаи СММ ВМКБ-ро барои ҳамкорӣ минтақаи муҳим арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, ки омодаи ҳамкории ҳамаҷониба аст.
Бар пайи бад шудани вазъияти амниятии Афғонистон ва суқути шаҳру вилоятҳо ба дасти гуруҳи "Толибон" Тоҷикистон омодагияшро барои қабули паноҳандаҳо изҳор карда буд ва дар моҳи июл паноҳандаҳои низомиву мулкии ин кишваро низ пазируфта буд.
Мақомоти Тоҷикистон изҳор карда буданд, ки тавони пазируфтани то 100 ҳазор паноҳандаи Афғонистонро доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста