Зимни мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар масъалаи марз, ки имрӯз, 24-уми май, баргузор шуд, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар минтақаҳои марзӣ аз паҳподҳо ва техникаи сангини низомӣ истифода нашавад.
Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” иттилои баргузории вохӯриро тасдиқ кард ва гуфт, мулоқот пеш аз зуҳри имрӯз, 24-уми май, дар гузаргоҳи наздимарзии Гулистони шаҳри Исфараи Тоҷикистон, воқеъ дар марз бо гузаргоҳи Қизилбели Бодканди Қирғизистон баргузор шуд.
“Дар мулоқоти имрӯза раҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд ҳамчунин, раисони минтақаҳои наздимарзӣ ва мақомоти сарҳадбонӣ иштирок доштанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбов масоили мубрами вобаста ба марзро баррасӣ намуданд”, - гуфт Музаффар Юнусов.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти имрӯза ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар минтақаҳои марзӣ аз паҳподҳо (ҳавогарди бесарнишин) ва техникаҳои сангини низомӣ истифода нашавад.

Дар бораи истифода нашудани паҳподҳо дар минтақаҳои марзӣ, хабаргузории "24.kg" ҳам бо такя ба намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев хабар додааст.
Ҳамчунин, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки сулҳро дар сарҳад нигоҳ доранд, ба иғвогарӣ роҳ надиҳанд, бо созиши ҳамдигар аз об истифода баранд.
“Инчунин фаъолияти бонизом ва ҳамҷояи мақомоти қудратии ду тараф, пешгирии ҳамагуна ҳолатҳое, ки ба нофаҳмӣ оварда мерасонад, чун пештара ба роҳ мондани муносиботи дӯстонаи сокинони марзӣ, бартарафсозии мушкилоти ба миёномада бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеъ ба манфиати кор дониста шуд.Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин музокирот масоили роҳ, чароггоҳҳо ва пешгирӣ аз муноқишаҳои минбаъда дар марзро низ баррасӣ карданд”, - гуфт ӯ.
Баргузории мулоқоти навбатии ҷонибҳоро Баҳодур Баҳовуддинзода, раиси шаҳри Исфара ҳам тасдиқ кард, вале аз додани маълумоти иловагӣ худдорӣ намуд.

Истифода нашудани паҳбодҳо ҳангоми рух додани низои марзӣ дар ҳолест, ки дар муноқишаи охири марзии байни ду кишвар, ки даҳҳо куштаву садҳо захмӣ ба ҷой гузошт, Қирғизистон аз паҳподҳо истифода кард ва дар натиҷаи он чандин шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд.
Муноқишаи ахири мусаллаҳона рӯзҳои 28-29-уми апрели соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт, ки аз ду тараф 55 кас кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста