Ҳайати низомиёни Тоҷикистон барои ширкат дар тамринҳои низомӣ таҳти унвони “Ҳудуд-2025” (Рубеж-2025) ба Қирғизистон рафтаанд. Тамринҳо бо иштироки низомиёни кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мешаванд.
Дар ин бора Вазорати дифои Қирғизистон иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҳарбиёни Тоҷикистон рӯзи 14-уми сентябр ба машқгоҳи “Эделвейс”-и ин ниҳод ворид шудаанд. Тамринҳои муштарак рӯзи 17-уми сентябр оғоз шуда то 20-уми сентябр идома мекунад.
Ба иттилои манбаъ, тамринҳо ҷиҳати омодагӣ ва роҳандозии амалиётҳои ҷангии нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ бо мақсади нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба кишварҳои узви СПАД ворид шудаанд, гузаронида мешаванд.
Дар тамринҳои низомӣ ҳайатҳои низомии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва инчунин гуруҳҳои амалиётии Ситоди муттаҳида ва котиботи СПАД ширкат мекунанд.
Вазорати дифои Қирғизистон гуфтааст, ки дар тамрингоҳ, ҷойи корӣ, хобгоҳ, хӯрок, инчунин шароити зарурӣ барои амалиётҳо фароҳам оварда шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора маълумоте нашр накардаанд. Маълум нест, ки дар ин тамринҳо чанд сарбози тоҷик ширкат мекунанд.
Бояд гуфт, ки Нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2001 бар асоси қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ташкил шудааст, ки бо системаҳои муосири аслиҳа ва техникаи низомӣ таъмин мебошанд. Вазифаи асосии онҳо бартараф кардани таҷовузи ҳарбии берунӣ, инчунин иштирок дар амалиётҳои муштараки зиддитерористӣ аст.




Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста