Журналисти Радиои Озодӣ Афсона Акобиршо аз болои қарори суд, ки ба ҳар кадоме аз мардони ӯро таҳқиркарда 350 сомонӣ ҷарима таъин кард, ба зинаи таҷдиди назар (апеллятсия) шикоят бурд.
Афсона рӯзи 6 август ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ариза навишта, нимаи моҳи август аз рӯи ин парванда мурофиаи судӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи духтар, ба ӯ 10 дақиқа пеш аз оғози мурофиа занг задаанд.
“Табиист, ки ман ба мурофиа дер монда, танҳо замони эълони қарори суд расида тавонистам. Суд ба ҳар кадоме аз қонуншиканон дар ҳаҷми 350 сомонӣ ҷарима таъин кард”, - иброз дошт ӯ.
Журналист ин ҷазоро хеле сабук дониста, адвокат киро кард ва аз болои қарори суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурд.
“Ба сифати ҷазо мо талаб мекунем, ки корфармо айбдоршавандагонро аз кор озод намояд. Худи қонуншиканон ба пардохти зиёни маънавӣ ва маблағи панҷ рӯзи кории ман, ки дар ба дари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гашта, дар маросимҳои расмӣ, рӯбарӯкунӣ ва шинохтан иштирок кардам, ухдадор шаванд”, - мегӯяд рӯзноманигор.
Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи 6 август замони ба кор рафтани Афсона ба вуқӯъ пайваст. Бинокорони машғул ба таъмиру навсозии “Кохи Ваҳдат” бо дидани ӯ ба таҳқир пардохта, ба унвони ӯ ҳарфҳои носазои марбут ба фаҳшо гуфтанд.
Афсона худро аз даст надода, аз сумкашш телефонро баровард, то ки инро навор гирад. Ин замон ҳама гурехтанд. Танҳо як бинокор боқӣ монда, ба панҷара наздиктар омад ва ният дошт, ки ба духтар узви ҷинсии худро нишон диҳад.
Пас аз ин журналист ба Шуъбаи ВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ ариза навишт. Парванда ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шуда, мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Авбошии барқасдона) баррасӣ шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.