Аз таркиши газ дар Душанбе рӯзи 18 май ду нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ осеб диданд. Онҳо назди модаркалони яке аз онҳо ба меҳмонӣ мерафтаанд, ки дар наздикиашон оташ аланга задааст.

Ба сурати умум шаш нафар ҷабридагон аз ин таркиш ба бемористон оварда шуда, чор нафари онҳо аллакай ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Ду навраси осебдида то ҳол дар бемористон бистарианд, зеро ҷароҳатҳои бардоштаашон аз оташ нисбатан бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.