Ихтиёриён тариқи Facebook наздики 5 ҳазор доллар пул ҷамъоварӣ намуда, онро ба оилаи Гулбегим Раҳимова доданд. Гулбегим Раҳимова аз сактаи қалб дар вилояти Маскав фавтид.

Ӯ соҳиби ду фарзанд аст, ки баъди даргузашти модарашон ятими кулл шуданд. Падарашон қаблан фавтидааст. Ҳозир онҳо дар тарбияи бобо ва бибашон қарор доранд. Шахсони хайрхоҳе ёфт шуданд, ки омодаанд хароҷоти нигоҳубину тарбия ва ҳатто сохтани манзилро барои кӯдакон ба зимма гиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.