Бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон рӯзи якшанбеи 22-юми сентябр ҳудуди 3 ҳазор нафар кормандони корхонаю идораҳои давлатӣ ба кумаки пахтакорони ноҳияи Дӯстӣ баромаданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода низ ба пахтазор баромада, дар қатори дигар кормандони корхонаю идораҳои давлатӣ то нисфирӯзӣ 44 кг пахта чидааст.

Гуфта мешавад, Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо пахтакорони ҷамоати Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ иброз доштааст, ки баҳри саривақт ҷамъ овардани ҳосили пахта бояд тамоми қувваро сафарбар кард.

1/14

Раиси вилоят ҳамчунин аз кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ даъват кард, ки дар даври дуюми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта фаъолона ширкат варзанд. Барои ноҳияе, ки дар ин мусобиқа ҷойи аввалро соҳиб мешавад, дар ибтидои моҳи октябр 15 ҳазор сомонӣ ҷоиза дода хоҳад шуд.

Қайд мешавад, ки раиси вилоят ба хотири саривақт ҷамъ овардани ҳосили пахта иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон кардааст. Он то 16-уми ноябр идома меёбад.

Қурбон Ҳакимзода дар майдони пахтазор бо намояндагони ширкати ҶСП “Ҷунгтай Хатлон Синсилу”, ки дар ноҳияи Дӯстӣ ба кишту коркарди пахта машғуланд, суҳбат кард.  Намояндагони ин ширкат хабар доданд, ки дар майдони 2 ҳазору 243 гектар замин пахта киштанд ва алъон ҷамъоварии он босуръат идома дорад.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода, то 22-юми сентябр дар ноҳия 145 тона пахта ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супорида шудааст. Майдони умумии кишти пахта 7 ҳазору 48 гектар ва нақшаи истеҳсол 15,9 ҳазор тонна мебошад. То имрӯз кишоварзони ноҳия 6,4 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд, ки 40%-и нақшаро ташкил медиҳад.

“Имсол дар ноҳия ҳосили пахта фаровон аст, вале мушкили норасоии қувваи корӣ ба чашм мерасад. Дар ин бора мо ба раиси вилоят маълумот додем. Бо роҳбарии ӯ ҳудуди 3 ҳазор нафар кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ ба кумаки мо омаданд. Барои ҳашарчиён аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят хӯроки гарми яквақта ташкил шуд”, - гуфт Саидзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.