Шоми дирӯз дар шаҳри Турсунзода ангурпарвари маъруфи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. То охири умр ӯ дар боғҳояш машғули кор буд.
Ҳоҷӣ Камол аз шаҳри Турсунзода боғпарвари маъруф аст. Ӯ дар майдони беш аз 600 гектар, ки аксари он қаблан бекор хобида буд, ба ангурпарварӣ машғул шуд.
Ин боғҳо айни замон яке аз ҷойҳои тамошобоби Тоҷикистон ба шумор мераванд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/272907/%D0%A0%D0%B0%D1%85%D0%BC%D0%BE%D0%BD%20%D0%B8%20%D0%A5%D0%BE%D0%B4%D0%B6%D0%B0%20%D0%9A%D0%B0%D0%BC%D0%BE%D0%BB1.jpg)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти деҳқони ботаҷриба ва ангурпарвари шинохтаи кишвар Камол Мадумаров ба наздикони ӯ изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар хабари дафтари матбуоти сарвари давлат гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо писари калони марҳум телефонӣ дар тамос шуда, бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли хонадони шодравон ва наздикону пайвандон аз даргоҳи Худованди муттаъол сабри ҷамил хост.
“Камол Мадумаров дар давоми умри бобаракати худ барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус, боғдорию ангурпарварӣ саҳми босазо гузошта, таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии диёри хеш сарф кардааст”, - омадааст дар хабар.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/272907/%D0%A0%D0%B0%D1%85%D0%BC%D0%BE%D0%BD%20%D0%B8%20%D0%A5%D0%BE%D0%B4%D0%B6%D0%B0%20%D0%9A%D0%B0%D0%BC%D0%BE%D0%BB7.jpg)
Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ аз ин ҳоҷагӣ боздид карда, меҳмонони олиқадри худро ба он ҷо мебурд.
Охири моҳи сентябри соли гузашта раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ин хоҷагӣ ташриф оварда, ба Ҳоҷӣ Камол автомобили Captiva туҳфа кард.
“Ба ангурзори мо тез-тез меҳмонони воломақом меоянд. Танҳо ҳамин сол мо дар ин ҷо сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Белорус – Александр Лукашенкоро пешвоз гирифтем. Чанде қабл маҳсули корамонро ба роҳбари Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский намоиш додем. Танҳо ҷанд рӯз пеш меҳмонон аз Сербия наздамон омаданд. Мо хушбахтем, зеро корамон маҳсул медиҳад. Меваҳои болаззат, меваҳои дӯстӣ!”, - қаблан изҳори назар карда буд ба “Азия-Плюс” Ҳоҷӣ Камол.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/272907/%D0%9B%D1%83%D0%BA%D0%B0%D1%88%D0%B5%D0%BD%D0%BA%D0%BE%20%D0%A0%D0%B0%D1%85%D0%BC%D0%BE%D0%BD%20%D0%A5%D0%BE%D0%B4%D0%B6%D0%B8%20%D0%9A%D0%B0%D0%BC%D0%BE%D0%BB.jpg)
Охири моҳи август дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе Иди ангур ҷашн гирифта шуд. Деҳқонони хоҷагии Мадумаров низ дар ин ид ширкат варзида, 10 навъи ангурро ба намоиш гузоштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.