Имрӯз, 10-уми феврал ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Ухани Чин парвоз кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКХ, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон тайёраи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳри Ухани Чин парвоз намуд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони соҳаи тиб ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ низ бо ҳавопаймои мазкур озими шаҳри Ухан шуданд.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Пекин, то 8-уми феврал дар шаҳри Ухан, устони Хубэй 54 нафар шаҳрванди мо қарор дошта, ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.

Ҳавопаймои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ мебошад, ки дар Ухан аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, метавонанд ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронӣ: [email protected] ё рақамҳои зерини телефони ҳамроҳ муроҷиат кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов).

Қаблан  сардори КҲФ-и Тоҷикистон Рустам Назарзода ба Азия-Плюс гуфт:  “Аз Тоҷикистон ба шаҳри Вухани Чин кумаки башардӯстона бурда мешавад, ки он аз оби маъданӣ, афшураҳо, меваҳои тару тоза, меваҳои хушк ва ғайра иборат аст. Дар роҳи бозгашт ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ин шаҳр бо сабаби хуруҷи бемории коронавирус ба Тоҷикистон бармегардонад. Онҳоро кормандони махсус омӯзонидашудаи КҲФ ва табибон ҳамроҳӣ мекунанд”.

Сарвари Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон Самариддин Алиев низ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки барои донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз шаҳри Ухани Чин оварда мешаванд, минтақаи алоҳидаи карантинӣ омода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.