Дар қатори чорабиниҳои наврӯзии Фестивали «Сайри гули лола», Иди асал, намоиши нон ва маҳсулоти нонӣ кишоварзони вилояти Суғд бори аввал Иди картошка яке аз маҳсулоти ниёзи аввалро гузаронданиянд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, вобаста ба ин дар боғи Камоли Хуҷандӣ, ки  маркази баргузории чорабиниҳост, бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва масъулони соҳаҳои мухталиф машварати корӣ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, раиси вилоят супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар панҷ соли минбаъда ба 1 миллион тонна расондани ҳосили картошка хотиррасон ва баргузории Иди картошкаро бо ҳамин мақсад арзёбӣ кард.

Зикр мешавад, ки раиси вилоят ба шахсони мутасаддӣ, аз ҷумла, роҳбарияти Ҷамъияти иттифоқи матлуботи вилоят доир ба дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.