Машқҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ё ба истилоҳ “маршировка” ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус ва худдорӣ аз харҷи маблағҳо қатъ шудааст.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
“Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва худдорӣ кардан аз харҷи ҳама намуди маблағҳо, инчунин пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-2019), тибқи дастури Ситоди дохилиидоравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-2019), машқҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ қатъ карда шуд”, - изҳор дошт сухангӯйи вазорати мазкур Эҳсони Хушбахт.
“Бинобар ин, ба роҳбарияти тамоми муассисаҳои таълимӣ дастур дода шудааст, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар алоҳидагӣ дар доираи муассисаи таълимӣ бо назардошти риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шавад”, - афзуд сухангӯйи Вазорати маориф ва илм.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.