Ҳукумати Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба овозаҳои камбуди маҳсулоти ғизоӣ бовар накунанд. Ба гуфтаи онҳо, захираи хӯрокворӣ дар кишвар кофист. Аммо нархҳо дар бозорҳо ҳамарӯза боло мераванд.

Баъзе маҳсулот, аз қабили сирпиёз (чеснок), лимӯ (лимон) ва занҷабил бар асари афзоиши талабот ба онҳо дар робита ба пешгирии сирояти коронавирус қимат шуданд.

Ба гаронии арзиши орду картошка ва пиёз таваррум сабаб шуд. Ғайр аз ин, маъмулан фасли баҳор мавсими сирпиёзу лимӯ ва меваҳо ба охир мерасад. То ҳосили мавсими нав ҳадди ақал як моҳ вақт лозим буда, маҳсулоти гармхонаҳо барои таъмини ҳамаи эҳтиёҷоти аҳолӣ пурра кофӣ нест.

Айни замон нархи як бандча кабудӣ (2-3 навъ) 1-2 сомонӣ, як бандча сирпиёз (2-3 сар) аз 3 то 5 сомонӣ нарх дошта, як кило сирпиёзи ҳосили кӯҳна ба ҳисоби миёна 60 сомониро ташкил медиҳад. Аммо кишоварзон мегӯянд, ба наздикӣ ҳосили мавсими нав пухта расида, нархҳо поин мераванд.

Имрӯз дарёфти сирпиёз, занҷабил ва лимӯ дар бозорҳои кишвар каме душвор шудааст. Нархи занҷабил (имбир) рекорд гузошта, дар баъзе минтақаҳо 100 сомонӣ шудааст. Як дона лимӯро бо нархи 4-6 сомонӣ мефурӯшанд.

Asia-Plus

Ҳама чиз кофист, аммо нархҳо боло мераванд

Нимаи дуюми моҳи март ҳукумат изҳор дошт, дар мавриди коҳиши хавфҳо, ки дар он афзоши ҳаҷми маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини бозор бо онҳо пешбинӣ шудааст, нақша таҳия кардааст.

Як қатор вазорату идораҳо низ изҳор карданд, ки дар Тоҷикистон норасоии маҳсулот ҷой надорад. Агентии захираҳои моддии назди ҳукумат қайд кард, ки захираи хӯроквориаш барои ду сол таъмин кардани аҳолӣ кофист.

Лекин бо вуҷуди захираи кофии маҳсулот, воридоти мунтазами маҳсулоти намерасида ва тадбирҳои андешидаи ҳукумат дар ин самт, нархҳо боло мераванд.

Дар минтақаҳо, масалан шаҳрҳои Панҷакенту Турсунзода 1 халта орди 50-килоӣ аллакай 220 сомонӣ нарх дорад. Арзиши гӯшт 55-60, картошка – 5-6 ва пиёз – 4-5 сомониро ташкил медиҳад. Қариб дар ҳамаи бозорҳои Душанбе ва Хуҷанд гӯшаҳои Агентии захираҳои моддӣ амал карда, болоравии нархҳоро каме ҳам бошад, бозмедоранд. Аммо дар минттақаҳо аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ чунин тадбирҳо андешида намешаванд.

Агар маҳсулот бисёру кофист, чаро нарх боло меравад?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ин ҷо ҳаннотон низ гунаҳкоранд. “Агар мақомот нархҳоро зери назорат нагиранд, марҳилаи навбатии болоравии нархҳоро метавон аллакай охири моҳи апрел, дар арафаи моҳи Рамазон интизор шуд”, - огоҳ карданд онҳо.

Asia-Plus

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.