Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки рӯзи 27 апрел дар торнамои Росавиатсия эълон шуда буд, мавқуф гузошта шуд.

Тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, имкони анҷом додани парвозҳо айни замон бо ҷониби Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки “пайгирии маълумот доир ба ин масъала дар сомона ва саҳифаи намояндагии дипломатии Русия дар Facebook лозим аст (давоми рӯз метавонад тасҳеҳ шавад)”.

“Бори дигар таваҷҷуҳатонро ба он ҷалб карданием, ки ба ин хатсайрҳо танҳо он шаҳрвандони Русия роҳ дода мешаванд, ки намунаи варақаро дар портали “Госуслуги” пур кардаанд (маълумоти муфассал – https://goo.su/0Wqw)”, - илова мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки хатсайрҳои баргардонидани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ба ватан рӯзҳои 30-юми апрел ва 3-юми май пешбинӣ гардида буданд: хатсайри ширкати “Сибир” аз Душанбе ба Новосибирск ва «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба шаҳрҳои Сургут, Екатеринбург ва Маскав.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия зимни муроҷиат ба ҳамватанон хоҳиш кард, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида дар мавриди ин масъала бовар накунанд.

“Ҳамчунин дар сурати пешниҳоди фурӯши билети ҳавопаймо аз ҷониби шахсони алоҳида, аз харидории чунин билетҳои ҳавопаймо худдорӣ намоед. Ҳангоми барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон, шаҳрвандон метавонанд маълумотро танҳо аз сайтҳои расмии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия, инчунин дигар мақомоти расмии Тоҷикистон дарёфт намоянд”, - таъкид кард сафорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.