Вазорати тандурустӣ изҳор мекунад, ки айни замон дар ҷумҳурӣ дар мавриди қабул ва ҷойгиркунии беморони коронавирус мушкилу норасоӣ вуҷуд надошта, ҳамаи муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ ва либоси муҳофизатӣ барои табибон таъминанд.

“Бо вуҷуди афзоиши ҳамарӯзаи беморони коронавирус, дар мавриди норасоии кадрҳои тиббии машғул ба муолиҷаи беморони COVID-19 мушкилӣ нест. Дар сурати нарасидани кадрҳои тиббӣ, аз дигар муассисаҳо мутахассисон ҷалб мешаванд”, - хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустии кишвар.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳамаи муассисаҳои тибии кишвар, ки дар онҳо беморони коронавирус муолиҷа мегиранд, бо маводи зарурии тиббӣ, шароити хизматрасонӣ, либоси муҳофизатӣ, воситаҳои безараргардонӣ ва мутахассисони соҳибкасб таъминанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, имрӯз дар кишвар 42 ҳазор кати муолиҷа омода шудааст.

“Дар муассисаҳои тиббии Душанбе беш аз 5,5 ҳазор кати муолиҷа барои қабули беморони COVID-19 тайёр буда, ҳафтаи наздик боз 2 ҳазор ҷойи табобат омода мешавад”, - қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар шароити паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ба табибони ихтисосҳои махсус ниёзи бештар вуҷуд дошта, корҳои ифтитоҳи муассисаҳои тиббии иловагӣ ва тақимоти табибон мутамарказонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.