Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба реҷаи пешинаи муқаррарии фаъолият бармегарданд. Маркази милии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) охирин беморони аз коронавирус шифоёфтаро ба хонаҳояшон ҷавоб дод.

Танҳо дар корпуси 8-уми “Шифобахш” - Маркази клиникии бемориҳои дил - дар муддати як моҳ 315 бемори COVID-19 муолиҷа гирифтанд, ки беш аз нисфи онҳо дар ҳолати вазнин қарор доштанд.

Дар навори видеои мо муовини директори Маркази клиникии бемориҳои дил Мастона Ҷумъаева ва духтури эҳёгар Азам Табаров дар бораи фаъолияти марказ замони пандемия изҳори назар мекунанд. Инчунин Алиназар Пирназаров, яке аз беморони аввалине, ки баъди пандемия бистарӣ шуд, низ ақидаи худро баён мекунад.

То шоми рӯзи 11 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 4 ҳазору 834 нафарро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯзи гузашта, 1 кас аз ин беморӣ фавтида, шумори умумии фавтидагон ба 49 нафар расид.

Теъдоди умумии шифоёфтагон аз оғози эпидемия 3 ҳазору 62 касро ташкил дода, 887 нафар беморон дар муассисаҳои тиббӣ зери назорати табибон қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.