Бо хатсайри ширкати «Уральские авиалинии» 55 шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан аз қаламрави Русия ихроҷ шуда буданд ва 9 ҷасади тоҷикистониён рӯзи 22-юми июн аз Екатеринбург ба Душанбе оварда шуданд.

Миёни ба ватан баргаштагон 19 нафарашон дар Марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Курган, Тюмен ва 31 тоҷикистонӣ дар чунин маркази шаҳри Оренбург зиндагӣ мекарданд.

“Мутаассифона, бо сабаби аз ҷониби судиҷрочиён рад шудани ба фурудгоҳ расондан ва пардохти пули билет, муяссар нашуд, ки боз 7 нафар шаҳрвандонамонро, ки дар Марказҳои нигаҳдории муваққатӣ дар шаҳрҳои Сургуту Тюмен қарор доштанд, ба ватан баргардонем”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бо ин хатсайр ҷасади 9 нафар ҳамватанонамон, ки дар қаламрави Русия бо сабабҳои гуногун вафот кардаанд, ба ватан интиқол дода шуданд.

Зимнан зикр шуд, ки бо ҳамин хатсайр муҳоҷири тоҷик Далер Давлатов, ки дар Маркази муваққатии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург қарор дошту бо сабаби надоштани ҳуҷҷат рӯзи 26-уми май парвоз карда натавонист, то Душанбе расонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.