Рӯзҳои 9-10 октябр дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обуҳаво дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошиддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон бо гузариш барф ) меборад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст мешавад.

Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 10-15м/с пешгӯӣ мешавад. Рӯзи 11 октябр дар ағбаҳо туман мефарояд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 11-12 октябр вақтҳои шабона дар ноҳияҳои кӯҳии кишоварзӣ дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр эҳтимолияти сармозании бармаҳали тирамоҳӣ  дар қабати хок то 1-3 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорати пасти ҳаво боиси зиён дидани зироат ва сабзавоти ноғундошта гардида, нигоҳубин ва чаронидани чорворо халалдор месозад”, - огоҳ мекуннд обуҳавошиносон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.