Экологҳо риоя нашудани меъёрҳои буридани дарахтони ҷангалро дар дараи Арг аз ҷониби Хоҷагии ҷангал ошкор намуданд.

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ғайриқонунӣ буридани дарахтон дар дараи Арг воқеъ дар наздикии Искандаркӯл хабар доданд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист қонуншиканиҳоро дар фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал тасдиқ намуд, ки ҳамасола дар доираи чораиниҳои санитарӣ ба буридани дарахтон ва буттаҳои хушкшуда машғул мешуданд.

Сурат: Нодир Турсунзода

“Дар баробари растаниҳои хушкшуда дарахтону ниҳолҳои ҷавону навруста низ бурида шудаанд, - хабар доданд дар Раёсати ҳифзи растанӣ ва ҳайвоноти Кумитаи мазкур. - Аз рӯйи ин далел санадҳои дахлдор таҳия гардида, гунаҳкорон ҷарима мешаванд”.
Сурат: Нодир Турсунзода

Мувофиқи лоиҳа, дар ин дара ширкати ТАЛКО Голд роҳ сохта, корчаллонҳо бо он ҳезум мекашониданд.

Нахуст экологҳо аз зиён ба низоми экологӣ изҳори нигаронӣ карданд:

“Бо пайдо шудани роҳ онҳо то ба ҷангалҳои аз қадим боқимонда низ расида, онҳоро нобуд карда метавонанд”.
Сурат: Нодир Турсунзода

Қобили зикр аст, ки дар қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №790 тартиб ва ҳаҷми ҷуброни зиёни расида ба фонди ҷангал ва дигар иншооти олами ҳайвоноту наботот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда шудааст.

Сурат: Нодир Турсунзода

Барои буридани дарахте, ки масоҳати кундааш то 12 сантиметрро ташкил медиҳад, ҷаримабандӣ ба маблағи 2 нишондиҳандаи ҳисоб (имсол он ба 58 сомонӣ баробар аст) ва дар баробари зиёдшавии масоҳат, масалан дарахти масоҳати кундааш зиёда аз 80 сантиметр ҷарима дар ҳаҷми 34 нишондиҳандаи ҳисоб  пешбинӣ шудааст.

Сурат: Нодир Турсунзода

Айни замон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ҳаҷми зиёнро ҳисоб мекунад. Яке аз гунаҳкорон Агентии хоҷагии ҷангал дониста мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.