Боз 376 нафар муҳоҷирони кории осебпазири тоҷик, ки дар шароити душвор қарор доштанд, аз Қазоқистон ба ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ.
Муҳоҷирони тоҷик рӯзи 1 декабр аз гузаргоҳи Жибек-Жоли бо мусоидати СБМ дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва диаспораҳо ба ватан фиристода шуданд.
“Одамон бо умеди гузаштани қаламрави Ӯзбекистон ва расидан ба сарҳади Тоҷикистон дар Ойбек (вилояти Суғд) аз ноҳияҳои гуногуни Қазоқистон ба ин гузаргоҳ омада буданд, - қайд мешавад дар торнамои Созмон. - Бархе аз онҳо барои омадан ба Чимкент аз Қарағанда, Павлодар, Петропавловск қариб 30 соат вақт сафар намуда, боз 1400 километр роҳро то расидан ба сарҳад тай карданд”.
То имрӯз СБМ барои ихтиёрӣ ба ватан баргаштани 3 ҳазор муҳоҷири тоҷик кумаку мусоидат намуд.
Ба гуфтаи яке аз ин муҳоҷирон, ӯ дар Қарағанда бе сарчашмаи даромад монда, фаъолияти корӣ коҳиш ва бозорҳо баставу талабот ба сохтмон ва хизматгузорӣ кам шудааст ва дар натиҷа бо душворӣ рӯз мегузаронидааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, кумаки мустақим ба туфайли кӯшишҳои муштараки Вазорати корҳои хориҷӣ, сафорат ва департаментҳои хадамоти муҳоҷирати Қазоқистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муяссар гардида, аз ҷониби ташаббуси минтақавии СБМ “Коҳиши таъсири оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи COVID-19 ба муҳоҷирон ва ҷамъиятҳо дар Осиёи Марказӣ ва Русия”, ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ мешавад, дастгирӣ ёфт.
СБМ ният дорад, ки ба кумаку мусоидат ҷиҳати ба ватан баргардонидани шахсони эҳтиёҷманд идома дода, онҳоро аз фазои холӣ (вакуум)-и ҳуқуқӣ, ки бар асари пандемия дар он қарор гирифтанд, раҳо созад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста