Ҳукумати шаҳри Маскав  тадриҷан бекор шудани маҳдудуиятҳо дар мавриди вуруди муҳоҷирон ба шаҳрро интизор буда, ҳамааш ба вазъи эпидемиологӣ вобаста хоҳад буд.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба гуфтаҳои муовини раиси шаҳри Маскав Владимир Ефимов менависад, онҳо бешубҳа бекор кардани маҳдудиятҳоро оид ба фуруди муҳоҷирони корӣ зарур медонанд.

“Аммо ин ҷо дар навбати аввал бехатарии эпидемиологӣ дар қаламрави Маскав ба инобат гирифта шуда, аз ин рӯ, мақоми ваколатдор -Роспотребнадзор мувофиқи имкон ин маҳдудиятҳоро бекор мекунад”, - иброз доштааст Ефимов.

Владимир Ефимов
Сурат: investmoscow.ru

Ӯ изҳор доштааст, ки доир ба таъмини лоиҳаҳои ба қувваи корӣ шадидан ниёздошта тартиби қабули қарор вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи номбура, барои ҳамкорӣ бо бинокорон маркази муҳоҷират чанде пеш дар Ӯзбекистон намояндагӣ боз намуда, ҳозир онро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад, то ки бо дархости корфармоҳои Маскав қувваи корӣ интихоб намуда, вуруди онро ба қаламрави Маскав амалӣ созад.

Ба қавли муовини раиси шаҳр, ин натанҳо кор дар доираи маҳдудиятҳои мавҷуда аст, балки барои оянда низ имконоти бузург дорад, зеро ба пешакӣ интихоб намудани мутахассисон имкон фароҳам меорад.

“Барои мо ин муҳим аст, чунки мо пешакӣ хоҳем донист, ки чӣ гуна касон назди мо меоянд. Ҳоло наметавонем бигӯем, ки сарҳадҳо кай пурра боз мешаванд”, - илова кардааст Ефимов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.