Бо сабаби боздошти иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии Сибирь” зиёда аз 500 нафар мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб дармондаанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ин ширкат.
“Агентии авиатсияи гражданӣ бо сабабҳои номаълум дар лаҳзаҳои охир иҷрои парвозҳои моро боздошт”, - гуфт ба “Азия-Плюс” муовини директори намояндагии ширкати “Сибирь” Ҷӯрабек Тоҷибеков.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Сибирь” аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Владивосток, Новосибирск, Саратов, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/297924/rek.jpg)
“Нархи билетҳои мо аз арзиши мувофиқашуда бо Агентӣ зиёд нест. Лекин масалан, имрӯз, 21 май парвози ҳавопаймоҳои ширкати мо ба самти Кемерово, Волгоград ва Барнаул аз фурудгоҳи Кӯлоб боздошта шудааст. Ҳавопаймо ба Кемерово бояд субҳи дирӯз соати 9 парвоз мекард”, - иброз дошт Тоҷибеков.
Айни замон ба қавли номбурда, дар фурудгоҳи Кӯлоб зиёда аз 500 нафар мусофир иҷрои парвозро бо хатсайри худ интизоранд.
“Рӯзҳои охир иҷрои парвоз боз тариқи якчанд хатсайр боздошт шуда, лекин мо мусофиронро ба дигар хатсайрҳо гузаронидем. Чанд рӯз пеш Агентӣ ба ширкат мактуб фиристода, дархост намуд, ки ҳадди ниҳоии нархи билет 500 доллар муқаррар шавад”, - мегӯяд намояндаи ширкат.
Ёдрас мекунем, ки Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ аз 11 май парвози ширкатҳои «Северный ветер» ва «Сибирь»-ро боздошта, инро ба зиёд будани нархи билетҳо маънидод кард.
Чанд рӯз пеш Агентӣ ба таври истисно ба ширкатҳо иҷоза дод, ки барои бурдани мусофирони аллакай билетдошта аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳоро анҷом диҳанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/297924/%D0%95%D0%95%D0%95%D0%95%D0%95.jpg)
Он вақт дар Агентӣ изҳор дошта буданд, ки танҳо дар сурати аз ҷониби ширкатҳо муқаррар шудан нархи қаблан мувофиқашуда, ба барқарор гардидани парвозҳо иҷоза медиҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста