Экспресс-хадамоти байналмилалии почтаи “DHL” фаъолияти дубораи худро дар Тоҷикистон оғоз намуд. Дар ин бора, як масъули почта ба "Азия плюс" хабар дод.
Манбаъ гуфт ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи дубораи кор додааст ва онҳо шурӯъ аз 1 август ба фаъолият оғоз карданд.
Аввалин бор дар бораи ба фаъолият оғоз намудани Почтаи байналмилалии “DHL” Шуҳрат Ҷӯраев дар “Фейсбук” хабар дода буд.
- Ҳоло аз хориҷа мутахассисон омадаанд ва кормандонро ду ҳафта омӯзиш медиҳанд. Идора ҳам дар паҳлӯи идораи “Почтаи тоҷик” омода аст. Корҳои таъмиру техникӣ рафта истодааст. Ба наздикӣ эълон пахш мекунем ва ба фаъолияти корӣ расман оғоз менамоем, - гуфт манбаъи мо.
Ба гуфтаи вай, DHL фаъолияти ояндаи худро дар асоси стратегияе, ки пештар дар Тоҷикистон ба роҳ монда буд, идома хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июни соли 2017 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дафтарҳои кории чор ширкати бузурги байналмилалии хизматгузории почтавӣ - DHL, UPS, TNT, Pony Express муҳр зада, ин амалашро ба иҷозатнома нагирифтани ин ширкатҳо барои фаъолият маънидод карда буд. Дар бозор амалан танҳо EMS Tajikistan боқӣ монд, ки дар назди «Почтаи тоҷик» амал мекунад.
Намояндагони хадамоти байнулмилалии почтавӣ ба он ишора карда буданд, ки аз талошҳои онҳо барои гирифтаи иҷозатнома натиҷае ҳосил нашуда, онҳо барои кор дар Тоҷикистон шароит надоранд.
Он замон, расонаҳо бо истинод ба Ҷонибек Дадоматов, сардори яке аз раёсатҳои Хадамоти алоқа хабар дода буданд, ки дархости почтаи байналмилалии DHL-ро барои сабтином дар кишвар рад кардааст. Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, ки намояндагони DHL дар санадҳои пешниҳодӣ ба камбуд роҳ додаанд. Аммо масуъулин дақиқ нагуфтаанд, ки камбуди DHL дар таҳияи санадҳо аз чӣ иборат буд ва бояд дар кадом шакл ислоҳ шавад.
Моҳи феврали соли 2017 ба қонун «Дар бораи алоқаи почтавӣ» тағйирот ворид шуда, мувофиқи он, ин навъи хизматгузорӣ тариқи иҷозатнома амалӣ мешавад.

Хидматрасонии почтавӣ дар Тоҷикистон ҳамеша зери танқид қарор мегирад ва муштариён аз он нигаронанд, ки молу колои онҳо дар фурсати дер ба ҷои лозима мерасад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста