Дар шаҳри Душанбе рӯзи 24 август масоили таҳвили ваксинаи зидди коронавируси истеҳсоли Чин баррасӣ шуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни вохӯрӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин таваҷҷуҳи ӯро ба ин масъала ҷалб намуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Чин ба Тоҷикистон ройгон зиёда аз 2 млн воя (доза)-и ваксинаи зидди коронавируси CoronaVac дода буд.

Қобили зикр аст, ки ба ҳолати то 23 август дар Тоҷикистон 1 млн 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуда, вояи дуюми онро беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V"-и Русия, Sinovac-CoronaVac-и Чин, AstraZeneca-и аз ҷониби Шветсия пешниҳодшуда (ба Vaxzevria табдили ном кард) ва Moderna-и ИМА.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.