Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба қазияи Мадина Мамадҷонова, ки чанде пеш аз сӯйи зане латукӯб шуда буд, бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раиси суди шаҳри Душанбе ҷаласаи махсус баргузор намуда, аз онҳо хостори тафтиши пурра ва мунсифонаии парванда шудааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия - Плюс” хабар доданд.
Мадина Мамадҷонова ҳанӯз моҳи августи соли равон аз ҷониби ҳамсари қонунии як сокини шаҳри Душанбе бо гумони мулоқоти маҳрамона бо шавҳараш мавриди латукӯб қарор гирифта буд.
“Прокурори шаҳр ба Рустами Эмомалӣ гузориш дод, ки дар асоси дастури Раиси шаҳр корҳои муайяне анҷом дода шуда, айни замон нисбати Давлятова Азиза ва Давлятов Лутфулло бо аломатҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон барои содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шудаанд”, - хабар дод манбаъ.
Раиси шаҳр мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намудааст, ки барои ҳаматарафаю пурра ва обективонаи тафтишоти ин парвандаи ҷиноятӣ чораандешӣ намоянд.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинони шаҳр, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
«Ҷиҳати тақвияти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони сохторҳо ва мақомоти судӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ зимни татбиқи қонунҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ корбарии ҷиддӣ намоед», - гуфтааст Рустами Эмомалӣ.
Аз ин пештар раиси палатаи болоии парлумон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта буд ва бо дастури ӯ ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда буд.
Пеш аз ин фаъолон ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори таҳти назорати худ гирифтани парвандаи Мадина шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сафари расмии сарвазири Тоҷикистон ба Эрон оғоз шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур, Гусфанд, Гов ва дастаи алаф”
“Баргардонидани номи неки ҳизб”. Раиси ҲДТ ҳадафи аслии ширкати ҳизбаш дар интихоботи парлумониро гуфт
«Азия-Плюс» ба муассисаи ислоҳии кӯдакон зиёда аз 300 китоб ҳадя кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 феврали соли 2025
Дар Душанбе роҳи ҷудогонаи дучархаронӣ бунёд мешавад
Суғд. Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстримизм дар соли гузашта
Кумаки мутахассисони қазоқ ба Тоҷикистон дар рақамкунии ипотека
Хушкмеваи Тоҷикистонро ба намоишгоҳи байнулмилалии Gulfood Dubai-2025 бурданд
Соҳибкорони тоҷики муқими Русия дар Хатлон бо арзиши $1 миллион иншооти иҷтимоӣ бунёд кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста