Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баҳри дастгирии тадбирҳои фаврӣ оид ба расонидани кумаки башардӯстона ба оилаҳои афғон, ки зимистони имсол ба гуруснагӣ дучор шуданд, ба фиристодани ғизо аз Тоҷикистон ба Афғонистон шурӯъ кард.
Нахустин қатораи 7 мошин аз анборҳои Созмон дар Душанбе ба вилояти Бадахшони Афғонистон дар шимолу шарқи ин кишвар равона шуд. Рӯзҳои наздик ҳудуди 2500 тонна орду гандум ба ин минтақа расонида шуда, аз ҷониби ниҳоди СММ барои амалиёти наҷот истифода хоҳанд шуд.

“Ҳамтоҳои Барномаи озуқавории СММ дар Афғонистон ба ҳама гуна дастгирии мо ниёз доранд, то ки пеш аз барфпӯш шудани роҳҳо, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст ба мисли Бадхшон хӯрокворӣ омода кунанд”, - гуфтааст имрӯз дар маросими ирсоли кумак намоянда ва директори кишварии Барномаи озуқавории СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам.
Дар ин маросим инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳузур доштаанд.
Адҳам Мусаллам дар симои онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгири мардуми Афғонистон дар ин лаҳзаи буҳронӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.
“Истифодаи долон байни кишварҳо ба мо барои саривақт дастрас намудани ғизо ба Афғонистон тариқи гузаргоҳҳои марзӣ ёрӣ мерасонад”, - афзудааст вай.
Ӯ инчунин ба ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии Хадамоти ҳавоии башардӯстонаи СММ (UNHAS), ки аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ идора мешавад, низ арзи сипос намудааст.
«Ҳоло парвозҳои мунтазам Душанберо бо Кобул ва дигар нуқтаҳои таъиноти Афғонистон мепайвандад ва барои тамоми ҷомеаи башардӯстона боз аст», - илова кардааст номбурда.
Қобили зикр аст, ки феълан дар Афғонистон буҳрони башарии бузургмиқёс ҷараён дорад. Барномаи озуқавории СММ ҳаҷми кумакро барои наҷоти ҳаёти одамон афзуда, аз оғози сол 14,8 млн нафарро бо ин кумак таъмин кард.
Лекин талабот хеле зиёд аст. Барои фарогирии 23 млн нафар аҳолӣ, ки ба хатари гирифторӣ ба гуруснагӣ дучоранд, ба Барнома дар як моҳ 220 млн доллар маблағ лозим аст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста